Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 173 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 173 аз 527 · 2 ноябри 2026

Он кас гуфтанд, ки худам ба назди бемор мерафтам, вале аз коргоҳ маро ба таври таъҷилӣ даъват намуданд ва банда хоҳиши эшонро рад карда натавонистам, - гуфт Сорои Алӣ. Ба духтар акси Сафол Фотеҳи панҷову ду соларо нишон додем ва ӯ моро бовар кунонид, ки боре ҳам бо соҳиби акс рӯ ба рӯ наомадааст. Як лаҳзае аз ин суҳбат таваҷҷуҳи моро ба рафти ҳодисаҳо бедор кард, чунки Сорои Алӣ моро бовар кунонид, ки агар бо нафари мототсиклсавор рӯ ба рӯ ояд, ӯро мешиносад.
Пурсидем, чунин худбоварӣ аз куҷо?
Мототсиклсавор аз тарафи рост дар болои абрӯяш як доғе чун доғи баъди захм боқимонда ба андозаи болои нохун намудор дошт.
Ҳарчанд бо чунин нишонае ҷустани нафаре ҷустани сӯзанро дар байни тӯдаи коҳ ба ёд меовард, вале як шӯълаеро дар рафти тафтишот бедор мекард.
Чун духтурон ҳолати бемор Авази Аъзамро вазнин арзёбӣ намуданд, бо вай суҳбат карда натавонистем ва боз ба Сарчашма баргаштем.
Баробари вориди шаҳр шудан мо ба суроғи Сафол Фотеҳ рафтем. Дар нисбати қасру кушкҳое, ки банда дида будам, қасри Сафол Фотеҳ қариб ба назар нонамоён буд. Дар ҳамин ҷо ман суханони Ҳамид Ҷовид “душман гуноҳи дигаратро наёфт, албатта, хоҳад гуфт, ки думи сагат каҷ аст”- ро дубора ба ёд овардам. Дарвозаро ба рӯямон писарбачаи даҳ – дувоздаҳсолае кушода, моро ба хона даъват намуд. Узр пеш оварда гуфтем, бо сарвари хонадон каме кор дорем.
Писарбача дигар каломе ба забон наоварда, ба тарафи қаср рафт ва баъди се - чор дақиқа нафаре, ки мо аллакай вайро аз рӯи аксаш мешинохтем, ба истиқболамон баромад.
-Чаро пушти дар истодаед, марҳамат ба хона дароед, - гуфт нафаре, ки як сол муқаддам дар пушти ҳамин дарвоза ба Некрӯзи Нодир таҳдид намуда буд. Тангии вақтро баҳона карда, таклифи эшонро рад намудем ва сипас мо ҳардуямон шаҳодатномаҳои хизматиамонро кушода ба пеши чашмони соҳибхона бурдем ва бо ҳамин амал ба қавле худро муаррифӣ намудем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан