-Ба сари Некрӯзи Нодир он чӣ омадааст, ки бояд меомад.
Охир вай дар маросими ақди никоҳ дар байни ёру дӯстон шаъну шарафи як оиларо поймол намудааст. Ҳарчанд таҳдиди соҳибхона характери реалӣ (ҳақиқӣ) надорад, вале онро бояд пазируфт. Дигар кас ҳам ба ҷой вай мебуд, айнан чунин рафтор мекард.
-Ҳарчӣ ба сари инсон меояд, ин на танҳо натиҷаи амал, балки натиҷаи андешаҳои ӯст. Рафту Некрӯзи Нодирро падар мебуд ва ӯ таълими падар мегирифт, асло дар лаҳзаи охир аз рӯи гапи кадом як бадгӯе ба чунин амал даст намезад.
Инсонҳои хапак аслан қавиирода нестанд. Эҳтимол бадгӯ низ аз хапакии домодшаванда огоҳ будааст ва хабарро дар ҳамон лаҳзаи муносиб ба самъи эшон расонидааст. Рафту хабаркаш дар ин бозии тақдир манфиатҳои хешро намедошт, ӯ метавонист ин хабарро як рӯз ва ё як ҳафта пеш ба гӯши домодшаванда расонад. Мардони оқил бар он назаранд, ки асп, зан ва шамшер танҳо ба нафаре хизмат мекунанд, ки дар айни вақт моли онҳоянд. Ҳар нохалафе метавонад номи инсонро паст намояд. Зиндагӣ ҳама пасту баландиҳоро дорад ва агар ситораи вай бо ҳамсари ояндааш рост намеомад, агар суханони хабаркашро дар асл тасдиқ менамуд, онҳо боз ҷудо мешуданд. Гумон намекунам, ки падари духтар дар ин кор даст дошта бошад, чунки барои иҷрои чунин амалҳо дигар роҳу воситаҳо ҳам ҳаст.
-Чӣ хеле гуфтам, аз нигоҳи модари Некрӯз нафари сабабгори бадбахтии онҳо гардида, ба доду гирифти маводи мухаддир машғул будааст.
-Чун муносибати ин ду оила нисбати якдигар некбинона нест, дурустии сухани онҳо низ шубҳаро пеш меорад. Душман гуноҳи дигаратро, ки наёфт, албатта. хоҳад гуфт, ки “думи сагат каҷ аст.” Беҳтар он аст, ки мо аз самти муқобил, яъне аз ҳодисаи ба беморхонаи Обшорон фиристодани маводи заҳролуд коро оғоз намуда, ба пеш ҳаракат намоем. Аминам, ки он чӣ дар дег ҳаст, дар кафлес хоҳад баромад...
...32...
Ҳуҷум аз самти муқобил бе натиҷа анҷомид. Сорои Алӣ - нафаре, ки савғои заҳролудро ба беморхона бурда буд, ҳангоми пурсиши расмӣ иброз намуд, ки он маводҳоро нафари сӣ – сиюпанҷсолаи мототсиклсавор ба вай дода, хоҳиш намуд, ки онҳоро ба ҳуҷраи шашуми беморхона ба Авази Аъзам бурда диҳам.





