Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 171 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 171 аз 527 · 2 ноябри 2026

Инаш кам буд, ки боз ӯро ба ҷурми кадом як ҷинояте мақсади ба маҳкама кашидан доранд. Эҳ, хонаатон, бисӯзад нобакорҳо.
-Нафарони бо маводи мухаддир сару кор дошта мушеро мемонанд, ки сояи гурба ҳамеша дунболгирашон ҳаст ва ба гумон аст аз дасташон коре биёяд.
-Эҳ додар, додар, тарзе сухан мегӯед, ки гӯё аз ҳама ин шӯру шари зиндагӣ хабар надоред. Оё шумо боре ҳам андеша накардаед, ки бе ягон намуди фаъолияти фоидаовар чӣ тавр ин мушҳои гуфтаатон соҳиби қасру кушкҳо ва мошинҳои дакаданги хориҷӣ шуданд. Кару фарри ин мушҳоро дида ҳатто баъзе гурбаҳои бевиҷдон дастҳо пеши бар ба таъзимашон сар хам мекунанд, боз шумо бандаро бовар кунондан мехоҳед, ки онҳо ҳатто аз сояи гурба метарсанд. Ин мушҳои гуфтаатон аз ягон бало наметарсанд, чунки бевиҷдонии баъзе гурбаҳоро медонанд ва дили чунинҳояшро бо пора мисли санги хора об намудаанд. Аслан худи айби ман шуд, ки ба гапҳои Бунафша бовар намуда, ба хонаи бародараш Сафол хостгор фиристодам. Не, дар он лаҳзаҳо ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки бачаҳакамро ба коми аждаҳо партофтам. Ба андозаи кӯрпаам поямро дароз накардам ва ана натиҷааш. Шояд ҳаминаш беҳтар шуд, ки Некрӯз дар сари оби никоҳ аз арӯсшавандааш даст кашид. Ҳамаи инро сабаб он шуд, ки кадоме ба гӯши Шоҳ аз корнамоиҳои пасипардагии Моҳ хабар дод. Он шаб, дар хонадони арус як қиёмате бархост. Дилам ба ҳоли аруси ноком бисӯхт, вале чӣ илоҷ? Дар зери борони суханони қабеҳ мо аз он қасри кошӣ баромадем. Падари келин ба Некрӯз таҳдид карда гуфт, ки чунон кунам, ки ту аз ба дунё омаданат пушаймон шавӣ.
...З1...
-Ҳамааш ҳамин?
-Бале.
-Андешаи худи шумо дар ин бора?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан