Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 170 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 170 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чӣ хеле ки гуфтам, пас аз вохӯрӣ бо муфаттиши прокуратура субҳи рӯзи дигар касе қасд ба ҷони нафаре намудааст, ки ба писари шумо ниҳоят монанд аст. Тафтишот бар он андеша аст, ки аз натиҷаи вохӯрии писари шумо бо муфаттиш нафари манфиатдоре огоҳ шуда, қасд ба ҷони шахсе намудааст, ки дар зоҳир писари шуморо мемонад ва ба ин васила худ дар соя монда, гуноҳро ба гардани писари шумо бор кардан мехоҳад. Нафари манфиатдор дар бораи натиҷаи вохӯрӣ бо муфаттиш танҳо аз забони Некрӯз метавонист огоҳ гардад. Аз рӯи иттилои гирифтаи мо бошад, Некрӯз дар бораи он вохӯрӣ танҳо шуморо огоҳ намуда буд ва шумо бошед, баҳри собит намудани бегуноҳии писаратон кӣ медонад бо чанд кас суҳбат намудед.
-Он рӯз дар саҳни ҳавлӣ ҳамагӣ чор - панҷ ҳамсоя буд ва ман аз ягон нафари онҳо домангир нестам. Ҳар кадоми онҳо Некрӯзро чун фарзанди хеш дӯст медоранд. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки бачаҳаки ман ниҳоят ҷавони шармгин аст. Ҳамсояҳо гоҳо ӯро Некрӯзи “хапак” ном мебаранд. Маҳз аз рӯи ҳамин шармгиниаш ӯ ҳоло ҳам муҷаррад аст. Соле пештар мо ӯро хонадор мекардем, вале Некрӯз тӯйро ба қавле қариб дар сари оби никоҳ вайрон кард ва мо ҳама дар гирдоби бало мондем.
-Чӣ хел бало?
-“Бозӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб” гуфтани мардумро, албатта, шунидаед?
-Даври Арбобкамолу Одинаҳо кайҳо гузашт, - нимҷиддию нимшӯхӣ гуфтам ман.24
-Агар чунин аст, магар метавонистанд баъди ду рӯзи воқеаи никоҳ дар ҷои кор кафшҳои Некрӯзро пеши пояш гузоранд. “Муштро аз рӯи пушт мезанӣ.” Некрӯзи бе пушту паноҳи ман тайи як сол боз дар ҷустуҷӯи кор аст, вале гумон меравад, ки дари ҳамаи муассисаву корхонаҳоро ба рӯяш бастаанд. Охир ҳашт сол пеш ӯ дар хориҷи кишвар курси пурраи ошпазҳоро аз рӯи тайёр намудани таомҳои итолёвӣ

24 Ишора ба қаҳрамонҳои повести “Одина” – и С. Айнӣ хатм намуда, чанд сол дар тарабхонаҳои бонуфузи шаҳр ба сифати ошпаз кору фаъолият намуд ва баъди он ҳодиса дар як рӯзи равшан бе ягон гуноҳ ба хотири кадом як наркобароне кафшҳояшро пеши пояш гузоштанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан