Чунин нафарон бо гузашти айём ҳам хислати бади хешро чун каждум гум намекунанд. Аз неш задан ба каждум ягон манфиате нест, вале ӯ ҳамеша баҳри иҷрои ин амал кӯшиш мекунад, чунки хислаташ аз азал ҳамин аст.
-Пас чаро милиса чунин амалҳои нопокро пешгирӣ намекунад?
-То ҷое милиса ин амалро иҷро мекунад, вале имкони пурраи бартараф кардани чунин амалҳо нест.
- Хотите сказать, что семья без уродов небывает.
-Ҳарчанд ман чунин гуфтанӣ набудам, вале баҳри инкор намудани гуфтаҳои шумо далеле надорам.
-Оё шумо ба бегуноҳии Некрӯз боварӣ доред?
-Чӣ гӯям?
-Росташро.
-Дар аввал мо вайро дар рӯйхати гумонбаршудагон таҳти рақами як номнавис намуда будем.
-Оҳ, шӯрам хушк шавад, охир агар ӯ гуноҳ медошт, ба милиса мерафт?
-Чунин ҳолатҳо ҳарчанд ангуштшуморанд, вале ҳастанд ва ихтиёран ба милиса рафтани Некрӯз ягон бозёфте нест.
-Маълум, ки ба бегуноҳии бачаҳаки ман боварӣ надоред.
-Магар ман ҳамин хел гуфтам?
-Чӣ фарқ дорад, модоме ӯро ба рӯӣхати гумонбаршудагон таҳти рақами як номнавис намуда будед.
-Замоне.
-Ҳоло чӣ?
-Таҳлили рафти ҳодисаҳо ва омӯзиши ҳолномаи эшон андешаҳои моро тағйир дод. Акнун мақоми Некрӯз як зина пасттар рафтааст, вале то кунун мо номи ӯро аз рӯйхати гумонбаршудагон набаровардаем.
-Яъне, шумо то ҳоло аз бачаҳаки ман домангиред?
-Инкор намекунам.
-Бачаҳаки ман гуноҳе надорад, чаро шумо ба ман ҳам бовар намекунед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




