Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 168 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 168 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Яъне, онҳоро пурсидан лозим?
-Бале, бо модари Некрӯзи Нодир вохӯрда муайян намоед, ки акси садои вай то ба куҷоҳо дакка хӯрдааст. Рӯзгори ҳар як шунавандаро аз нигоҳи пайвастшавӣ бо рӯзгори сухангу қиёс намоед...!
...30...
“Хотира бадбахтиҳои моро дучанд менамояд.”23

-Гуфтаниед, ки каси дигар ҷиноятро содир намудаву айбро ба гардани Некрӯзи ман бор карданист?
-Таҳлили ҳодисаҳо бозгӯкунандаи ҳамин ҳолатанд.
-Чӣ хел таҳлил ва кадом ҳолатро шумо дар назар доред?
-Кори милиса ҳам чун ҳама корҳои дигар нозукиҳои хешро дорад. Барои милиса шаъну шарафи инсон болотарин арзиш аст. Ҳастанд ҳолатҳое, ки мехоҳанд нафареро тариқи туҳмат ба маҳкама кашанд.
Ҳарчанд чунин ҳолатҳо дар замони мо ангуштшуморанд, вале ҳастанд. Замоне чунин амалҳо ба ҳукми анъана даромада буд, ки падару бобоёни мо онро чун “тройка” ба ёд меоранд.
Он замонҳо чӣ қадар мардуми бегуноҳ бо туҳмати рӯйрости ду - се худозадаи оқипадар бадарға шуда, ба Сибир рафтанд.
Даҳшати он рӯзҳоро то кунун мардум аз ёд набаровардаанд...
-Дар хонадони мо ҳам то кунун даҳшати он рӯзҳо аз ёд нарафтааст ва ман дар ин бора дишаб бо Некрӯз ҳам суҳбат доштам. Ба вай гуфтам: битарс аз оне, ки ӯ натарсад аз Худо, чунки бобокалони туро, ки як марди ниҳоят фозили замонаш будааст, бо туҳмат ба кишвари Красноярск бадарға намуданд ва ӯ дар он ҷо ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ба Некрӯз гуфтам, ки бибиат то лаҳзаи марг дар ҳаққи нафароне, ки ӯро аз навозиши падари маҳрум намуда буданд, лаънат мехонд. Наход ҳоло ҳам...

23 Ҳикмати халқ -Чӣ хеле гуфтам, ҳарчанд чунин ҳолатҳо ангуштшуморанд, вале ҳастанд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан