-Тогда ищи ветра в поле!
-Ба гумон аст дар ин самт, кӯшишҳои мо натиҷае диҳанд.
-Набошад ба Обшорон занг зада, нуқтаи назари хешро баён намоед!
-Рафиқ полковник, гумон доред, ки онҳо пешниҳоди кадом як капитанеро мепазиранд ва беҳтар мешуд, шумо худ ин самти корро...
-Шуд, шуд, ба шумо дарвозиҳо агар даст диҳанд, аз оринҷ медоред.
-Дарвозиҳо бошанд, ин каломро ба мардуми Шуғнон нисбат медиҳанд.
-Яку сифр ба фоидаи худат бачаи боба, вале рафту ҳаракатҳои банда боиси шикасти амалиёт шавад - чӣ?
-Дар он сурат як огоҳии қатъиро ба гӯши банда чун ҳалқа овезон намоед.
-Шояд кор то ба он дараҷа нарасад.
-Чӣ хел?
-Обшорон минтақаи калон нест ва ҳеҷ як амале аз чашми мардум пинҳон намемонад. Аз эҳтимол дур нест, ки нафари ба чунин як амали нангин даст зада, “савғои” хешро ҳамчун хешу ақрабо ба дасти духтар надода бошад. Дар он сурат ба гумон аст духтар аз мақсадҳои нопоки вай хабардор шуда бошад.
Пас агар чунин аст нафаре, ки расонидани “савғо”- ро ба душ гирифтааст, аз ниятҳои нопоки соҳиби савғо хабар надоштааст. Аз ҳамин лиҳоз, ба гумон аст, ки нафари қасд ба ҷони Авази Аъзам намуда дубора ёди он духтар намояд.
Албатта, вай аз натиҷаи амалаш воқиф шудан мехоҳад, вале бо дигар роҳҳо...
-Чӣ мешуд дар ин бора ба ҳампешаҳои дар Обшорон будаамон хабар дода, ба онҳо гӯшрас менамудед, ки духтари дар мадди назарашон бударо ба суҳбати рӯйрост ва самимӣ даъват намоянд. Чунин амал даҳҳо маротиба аз он бозии мушу гурба беҳтар аст.
-Бошад, дарвозӣ, бошад...
-Ба мо чӣ супориш медиҳед?
-Гумон надоштам, ки кор чунин ранг мегирад ва агар чунин аст, банда супориши аввалаи хешро дар бораи мавқуф гузоштани пурсиши модари Некрӯзи Нодир ва ҳамсояҳои вай пас мегирам.





