-Аз рафти даъвати он рӯзааш танҳо модарашро огоҳ намудааст.
-Модарашро пурсидед?
-Ҳоло не.
-Ин тарафи корро каме ба таъхир андохтанамон лозим меояд.
-Сабаб?
-Аз Обшорон хабар доданд, ки нафаре тариқи заҳролуд намудани оби нӯшокӣ қасд ба ҷони бемор намудааст.
-Ӯро дастгир намуданд?
-Не, вале духтар аз мадди назари ҳамкорони мо дур нест.
-Оҳҳо...
-Гумон доред, ки танҳо мардон ба чунин амалҳо қодиранд, гоҳҳо намояндагони ҷинси латиф ҳам ба корҳое даст мезананд, ки ангушти ҳайрат мегазед.
-Шояд духтар хоҳиши дигар касро ба ҷо овардааст ва аз макру ҳиллаи вай бехабар аст.
-Шуморо маҳз барои ҳамин даъват намудам. Чун Обшорон минтақаи хурдест, духтар кӯшиш мекунад, ки аз чашми бади ҳамдиёронаш эмин бошад, барои ҳамин ҳам...
-Чун моро дар он маҳал касе намешиносад, бояд вайро пайгирӣ намоем?
-Дуруст фаҳмидед, ман хостам ба он ҷо Абдурашиди Шарифро фиристам, вале ба ёд овардам, ки вай аллакай он ҷо буд ва аҷаб нест шахсияташро муайян накарда бошанд. Аз ҳамин лиҳоз, дигар касро ба он ҷо фиристода наметавонам.
-Охир барои дунболгирӣ намудани вай метавон аз ҳайати ротаи хизмати патрулию пайроҳадорӣ ҳам истифода бурд.
-Мо наметавонем барои назорат аз қафои кадом як духтаре, ки талаби дигареро ба сомон расониданӣ шудааст, як ротаро фиристем. Мақсади мо муайян намудани шахсест, ки тариқи духтар ба беморхона маводи заҳролудшударо фиристодааст. Фаҳмо?
-На он қадар.
-Хуш мегуфтед, ки чияш нофаҳмост?
-Рафту духтар ҳамин хел талаби нафареро, ки ӯро намешиносад ба сомон расонида бошад - чӣ?





