Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 165 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 165 аз 527 · 2 ноябри 2026

Аз ҳамин лиҳоз, мо фикр мекунем, ки “саргузашти аҷоибу ғароиби” шумо он рӯз то ба дуриҳои дур рафта. Баҳри рӯшанӣ андохтан ба ин масъала шумо бояд ҳамаи он суханоне, ки ба модаратон гуфтед, нарезонидаю начаконида, як бори дигар такрор намоед. Дар ин ҷода на шумо, на модаратон ва шояд на чанд тан аз шунавандагони ин занҷира гунаҳкор набошед, чунки барои ошкор кардани асрори тафтишот касе аз шумо забонхат ҳам гирифтагӣ нест ё суханам нодуруст аст? - пурсид Абдурашиди Шариф.
-Ҳамааш дуруст, - тасдиқ намуд муфаттиш.
-Он рӯз вақте ки ман ба хона баргаштам, модарам дар саҳни ҳавлӣ ҳамроҳи чанд нафар аз занҳо сари суҳбат қарор дошт. Маълум буд, ки ӯ барои дубора ба мақомоти тафтишотӣ даъват намудани ман бо ҳамсояҳо рози дил намуда будааст, чунки дар он лаҳзаҳо модар пушт ба самти роҳ меистод ва яке аз он занҳое, ки рӯ ба самти роҳ нишаста буд, модарамро огоҳ намуд, ки беҳуда хуни дил хурда нишастӣ ва ана бубин Некрӯзҷонат ҳам бо таъби болида баргашт. Ман ба онҳо салом дода гузашта рафтам ва сипас модарам омаду аз ман ба қавле “ҳисобот” талаб кард. “Ҳама кор ба хуби анҷом ёфт,” - гуфтам ман, вале модарам бовар накард ва ман маҷбур шудам, ки баҳри осудагии вай саргузашти онрӯзаи хешро нарезондаю начаконида нақл намоям...
Мо дар ҳамин ҷо бо Некрӯзи Нодир муваққатан хайрухуш намудем ва ӯро огоҳ намудем, ки аз натиҷаи ин суҳбат ба касе забон накушояд. Пас аз рафтани Некрӯзи Нодир мо боз муддате сари ин масъала майна об намудем ва ба хулосае омадем, ки бе пурсиши модари Некрӯз ва он занҳое, ки модар асрори дили хешро ба онҳо арзонӣ доштааст, роҳи дигаре нест...
...29...
-Некрӯзи Нодир аз куҷоҳо мехонад? - баробари пой ба остонаи дафтари кории сарвари милиса гузоштанам пурсид садри коргоҳ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан