-Шуморо нафаҳмидам.
-Бояд иқрор шуд: нафаре, ки қасд ба ҷони ронандаи аз Обшорон меомада намудааст, мутахассиси касбист ва ҳодиса субҳи фардояш баъди вохӯрии мо дар прокуратура ва сипас дар назди қабристони шаҳр рух додааст. Мақсади қотил ин аз байн бурдани изҳост, шумо бошед, моро бовар кунониданӣ мешавед, ки дар бораи он вохӯрӣ ба касе забон накушодаед.
Агар шумо дар ягон ҷо дар ин бора ҳарф намезадед, ҳаргиз касе қасд ба ҷони нафаре, ки бо шумо чун як себи дукафон монанд аст, намекард. Андеша намоед, ки чаро чунин шудааст, - гуфт муфаттиши прокуратура.
-Ман дар бораи натиҷаи даъватам ба прокуратура танҳо модарамро огоҳ намудам. Дар ин бора сухане ҳам ба забон оварданӣ набудам, вале аҳволи бади модарро дида, дилам ба ҳолаш сӯхт ва хостам ӯро хурсанд намоям, ё шумо гумон доред, ки модари бечораи ман киллерро киро намуда, ба сари он нафаре, ки ба ман монанд аст, фиристодааст? Бовар намоед, модари ман дар ҳаёташ пашаеро озор надодааст, ҳарчанд аз беандешагии дигарон бисёр ранҷ бурдааст. Магар мешавад, хабареро, ки метавонад боиси болидарӯҳии модар гардад, аз ӯ пинҳон намуд? Охир аз рӯи ҳамон акси зормонда фишори хуни модарам ба авҷи аълояш расид ва мо ҳатто духтур даъват намудем ва аз дубора даъвати банда ба прокуратура бечора модар ба худ ҷой нишаст намеёфт. Чӣ магар шумо асрореро, ки боиси болидарӯҳии модаратон гардида метавонад, аз вай пинҳон мекунед?
-Албатта не, модар модар аст ва танҳо мо не балки ҳар фарди солимақл ба насиҳати модар ниёз дорад, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Модоме ки ин амали банда боиси нигаронии шумо нашуда бошад, пас коҳи кӯҳнаро чаро бод мекунед?
-Шояд модаратон ин хабари хушро дар қалбаш нигоҳ надошта, онро ба нафаре ё нафароне гуфта. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз он нафарон бегуноҳии шуморо дар назди дигаре ва дуюмин ба сеюмин нагуфта бошанд. Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки “ ёр ёре дораду аз ёри ёр андеша кун.” Чун сухан аз даҳон берун шуд, он мисли шери жаён гардад, ки дигар ба қафас баргардониданаш ғайриимкон аст.





