-Ҳаминаш беҳтар шуд, ки мо хатои хешро бо дермонӣ ҳам бошад, дарк намудем.
-Дурусттараш мо чанд қадаме ба қафо гузоштем, вале ин беҳтар аз он шуд, ки бо иштибоҳ қадаме ба пеш мегузоштем.
-То омадани шумо мо ҳангоми таҳлили ду ҳодиса як пайвастагиеро дарёфтем.
-Бошад.
-Бубинед, ки қотил чи дар ҳодисаи Лучоб ва чи дар садамаи автомобилии дар Обшорон рухдода сайдҳояшро тариқи телефон ба вохӯрӣ даъват намудааст. Дар ҳодисаи Лучоб вай аз хизмати телефон - автомат истифода бурдааст ва бо ин васила як мушкилоти зиёдеро дар муайян намудани шахсияташ ба бор овард. Дар ҳодисаи дуюм бошад, ӯ тариқи телефони мобилии ширикати “Тоҷикмобайл” бо Авази Аъзам дар тамос шудааст. Муайян намудем, ки телефони мазкур ба номи нафақахӯр Ҳодиев номнавис шуда. Ҳангоми пурсиш Ҳодиев иброз намуд, ки дар нақлиёти шаҳрӣ телефонашро гум намудааст. Ҳангоми пурсиши мукаммал муайян намудем, ки Ҳодиев телефонашро баъди чанд соат аз ба назди қабристони шаҳр бурдани Некрӯзи Нодир ва Шаҳнози Зокир гум намудааст. Агар дар ин ҳаводис Некрӯзи Нодир бегуноҳ бошад, пас нафаре ҳаст, ки ҳар қадами вайро ба зери назорат гирифтааст.
-Ё худи Некрӯзи Нодир аз натиҷаи амалиёти мо ба куҷое ва ё бо касе шикоят намудааст...
...28...
Суҳбати мо ҳеҷ маҷрои хешро нагирифт, ки нагирифт, чун мусоҳиби мо аз натиҷаи амалаш огоҳ шуд, ба андеша фурӯ рафт. Дар он лаҳзаҳо вайро чӣ сару савдое дар замир буд мо нафаҳмидем. Дар интиҳо ӯ худ муҳри хомӯшӣ шикасту гуфт:
- Ҳаққу ҳамсояҳо ва аҳли хонавода маро “Некрӯзи хапак” ё худ дамдузд мегӯянд, шумо инро мефаҳмед?
-То андозае, - гуфт муфаттиш.
-Пас агар чунин аст, чаро ба ман бовар намекунед?
-Ҳар як амали мо ин муаррифгари худи мост ва мо шуморо дар ҳодисаи дар Обшорон рухдода асло гунаҳкор карданӣ ҳам нестем, ҳатто агар хоҳиш ҳам дошта бошем, ин кор ба мо даст намедиҳад.





