Ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда муфаттиш он қадар оқилона сухан гуфт, ки мо дар як лаҳза интизориҳои дусоатаи хешро аз ёд баровардем. Дар ҳамон лаҳзаҳо ман беихтиёр суханони Уистон Черчел “Давлатҳои бузургро сиёсати бузург ва давлатҳои хурдро сиёсати оқилона мебояд”-ро ба ёд оварда гуфтам:- “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд.”
-Бисёр хуб, акнун моро лозим аст, ки то омадани Некрӯзи Нодир худ сари чанд масъалае ба мувофиқа биоем. Агар зид набошед, тафтишот андешаҳои хешро баён мекунад, пазируфтан ё рад намудани нигоҳи тафтишот ба худи шумо вобаста аст. Ҳамзамон тафтишот дар асоси шакли алтернативӣ тайёр аст, аввал шуморо гӯш намояд ва танҳо баъди он нуқтаи назари хешро ба муҳокимаи шумо гузорад,
- риштаи суханро ба даст гирифта гуфт мусоҳиби резапайкари мо.
-Беҳтар мешуд, сараввал худи шумо ҳамчун сарвари гурӯҳи тафтишотӣ нуқтаи назари хешро пешниҳод менамудед, - муфаттишро ба суҳбат даъват намуда гуфтам ман.
-Тафтишот бар он назар аст, ки ҳамаи чор ҳодиса (марги Қосими Зокир, марги Руҳулло Ғаффор, қасд ба ҷони Шаҳнози Зокир ва садамаи нақлиётӣ дар Обшорон) - ро як пайвастагиест. Бе муайян намудани ҳамин пайвастагиҳо натиҷаеро интизор шудан ба гумон аст. Дар ин ҷода мо метавонем ба ёрии Авази Аъзам умед бандем, вале дар ҳолате, ки ӯ қарор дорад...
-Навмед набояд шудан аз гардиши айём...
-Пас агар чунин аст, нуқтаи назари шуморо донистан мехоҳам.
-Агар дар хотир дошта бошед, нигоҳи ҳамаи мо аз рӯи парвандаи мазкур аллакай як маротиба нуқтаеро дар як хатти буриш убур намуд.
-Нигоҳи шумо ба ҳамон нуқта дар айни вақт?
-Ҳолномаи беобуранги нафаре, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқҳояш ба ин коргоҳ омада буд, ин дафъа низ моро бо шумо ҳамақида намуд.
-Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




