Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 161 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 161 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Рӯзгори Некрӯзи Нодир ҳарчанд бе рангу бор буд, вале дар замири баъзе аз аъзои гурӯҳи тафтишотӣ ҳиссиёти шашумро бедор кард ё гапам нодуруст?
-Мутлақо дуруст, вале бояд ёдовар шавам, ки маҳз ҳиссиёти шашуми инсонӣ метавонад садди роҳи бисёре аз нохушиҳо гардад. Аз он чӣ ки муфаттиш дар нисбати мо тезтар ба бегуноҳии Некрӯзи Нодир бовар кард, маҳз натиҷаи ҳиссиёти шашуми ӯст. Ба фикрам, дар нисбати мардон, намояндагони ҷинси латиф ба ин ҳиссиёт наздиктаранд.
-Модоме ки чунин аст, пас чаро муфаттиш Некрӯзи Нодирро ба дафтари кории худаш даъват накард, рафту ин амалро анҷом медод, мо ҳоло дар байни ин чор девори бетонӣ мунтазири омадани гумонбаршудае, ки мақоми хешро аз даст додааст, намешудем.
-Ӯ сарвари гурӯҳи тафтишотист, ки кай ва дар куҷо пурсидани шоҳидро худаш ҳал мекунад, модоме ки вайро ба милиса даъват намудааст, албатта, сабабашро ҳам хоҳад гуфт.
“Номашро гиру гӯшашро каш” гуфтагӣ барин ҳанӯз охири ҷумла аз забонам берун нашуда, касе ба дар ангушт зад.
Овоз рӯшан намудам ва мутмаъин будам, ки Некрӯзи Нодир омад, вале ба ҷой вай муфаттиш пой бар остона гузошт.
Интизори омадаш будем, биомад дигаре...
-Бубахшед, ки бе мувофиқа ба шумо...
-Бартарии тафтишот ҳам дар ҳамин аст ва ё гапам нодуруст, рафиқ капитан,- нимҷиддию нимшӯхӣ гуфт Абдурашид.
-Баъди шиносоӣ бо ҳолномаи собиқ гумонбаршудаи рақами як худро дар вартаи беохир дидам. Бисёр мехостам шуморо ба коргоҳам даъват намоям ва ҳамаамон дар якҷоягӣ дар пурсиши нафаре, ки мақоми хешро ҳамчун гумонбаршуда аз даст дода истодааст, иштирок намоем, вале шуморо чун кӯҳи бузург дидам, худро бошад чун Аҳмад дар пояи он кӯҳи сар ба афлоккашида хору залил. Гуфтам:
-Аҳмад ту куҷою кӯҳ куҷо ва беҳтар мешуд, ки худ ба тавофи он кӯҳи сар ба афлоккашида мерафтӣ. Боқӣ ихтиёр шуморост,- гӯён Нӯшини Азиз ба курсие дар рӯ ба рӯи Абдурашид нишаст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан