Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 160 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 160 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҳамин ҳолат як нишонае аз дараҷаи баланди тахасуссии қотил буд ва маҳз ҳамин ҳолат мақоми нафареро, ки чанд рӯз пеш мо ӯро чун гумонбаршуда нияти боздошт намудан доштем як зина ба поён бурд, танҳо як зина. Ба ҳар ҳол мо ӯро дар ҳодисаҳои рухдода ба таври ростхата гунаҳкор карда наметавонистем, вале аз вай ба таври ғайримустақим домангир будем. Ҳарчанд вай дар лаҳзаи аввали бо ултиматум ба милиса ташриф оварданаш ба ман писанд наомад, вале симояш ҳамарӯза бандаро дунболгир буд. Акнун ман он симоро ҳангоми ғуруби офтоб чун тираабри дар уфуқ буда пеши назар овардам.
Мисли оне, ки нурҳои хуршеди ба ғуруб рафтаистода болои он пораи абр афтодаву дуюмин ранги зардро гирифта, гуё дар осмон пораи абр нею баргҳои зардшудаи дарахтон дар фасли хазонрез майли ба замин афтидан доштанд. Сипас, хуршеди ховар паси қуллаҳои кӯҳ пинҳон шуд ва гӯё он ҷилои зебои болои пораабрро низ бо худ бурд...
Ҷилое, ки як эҳсоси бузургеро дар замири тамошобин бедор мекард, оҳиста – оҳиста хира шуд ва он пораи абри дар уфуқ буда ранги пештараи хешро гирифт. Тираабри танҳое дар фазои бекарон ба муқобили самти ҳаракати офтоб шино дошт...
-Бисёр ба андеша рафтед, - ба хомӯшии тӯлонӣ тоб наоварда пурсид Абдурашид.
-Ҳамон ҳиссиёти ба хурӯҷомадаи шумо бандаро ба андеша намудан ҳидоят кард.
-Агар дар хотиратон бошад, ба бе гуноҳии Некрӯзи Нодир аввалин шуда муфаттиши прокуратура кафолат дод.
-Дар ёдам ҳаст, вале маҳз ҳамин муфаттиши мегуфтагиатон ҳангоми пурсиш дар бораи шиносоии гумонбаршуда бо ҷабрдида пурсон шуда, ният дошт, ки эшонро барои додани нишондоди бардурӯғ муттаҳам созад.
-Шумо ҳамеша таъқид мекунед, ки вақт доварӣ ҳамаи корҳои мост ва бону Нӯшини Азиз ҳам бо гузашти вақт баъди шиносоӣ бо ҳолномаи Некрӯзи Нодир ба чунин хулоса омада.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан