-Бале. Афсӯс, рӯзи аввал ин фикр ба сари мо наомад, вале бо гузашти як шабонарӯз Нӯшини Азиз сари ҳамин масъала баргашт ва чун дар назди қабристони шаҳр Шаҳнози Зокир иброз намуд, ки новобаста аз ҳама он монандиҳо қади нафари ба ҷони ӯ қасд намуда пасттар буд, баъди ду шабонарӯз мо натиҷаи он вохӯриро дидем. Бояд гуфт, ки агар дар ҳақиқат Шаҳнози Зокир дар ин “бозии” қисмат “бозиҳои” пасипардагии хешро надошта бошад, пас Некрӯзи Нодир субъекти асосии ин “бозиҳост”...
Садои занги телефони дохилӣ монеае дар баёни минбаъдаи андешаҳои мо гашт, чунки навбатдор хабар дод, ки сардори идора омад ва мо ҳуҷҷатҳоро бардошта ба дафтари кории Ҳамид Ҷовид рафтем...
...27...
Садамаи нақлиётии маҳали ноҳияи Обшорон дар Саричашма зарурияти шарҳу эзоҳи ҳодисаро пеш овард. Бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи Обшорон бистарӣ шудани Авази Аъзам фазои идораи милисаро дар Сарчашма низ ғуборолуд намуд. Маҳз ҳамин ҳолат симои нафареро, ки чанд рӯз қабл ба хотири ҳифзи нангу номи хеш ба милиса ташриф оварда буд, дубора чун тираабре пеши назарамон овард. Тайи чанд рӯзи охир мо дафтари рӯзгори нафареро, ки чун тираабр дар фазои беканори хаёлотамон шино дошт, варақгардон намудем ва ба қавле ҷурме дар рӯзгори эшон наёфтем. Мебоист вайро акнун ба ҳоли худаш мегузоштем, то аз пайи кору рӯзгори хеш гардад, вале як ҳолат садди роҳи мо дар иҷрои ин амал гашт. Ин ҳам бошад, рух додани садамаи нақлиётӣ пас аз чанд соати вохӯрӣ бо нафаре, ки акси хешро дар “Оинаи зиндагӣ” дидаву ба милиса омада. Ба ҷуз ҳамин ҳолат, ки он шарҳу эзоҳи мукаммалро талаб мекард, дигар ҳолатҳо худ ифодакунандаи рӯзгори неки эшон буд. Некрӯзи Нодирро ҳамчун писари яккаву ягонаи хонадон ба хизмати ҳарбӣ даъват накарда буданд. Маҳз ҳамин ҳолат баёнгари он буд, ки вай ҳатто қоидаҳои одитарини муносибат бо яроқро намедонад, ҳол он ки дар ҳодисаи Лучоб қотил тирро аз тапонча дар масофаи бистуҳашт метр ва дар шоҳроҳи кӯҳии Обшорон аз масофаи на камтар аз ҳазор метр ба чархи мошини бо суръати баланд дар ҳаракат буда ба нишон расонда.





