-Пас чаро ин ҷо нишастаем?
-Чунки омадани сарвари милисаро интизорем ва тайи ҳамин муддати интизори мо тавонистем дар якҷоягӣ натиҷаи сафари худатро ба Обшорон таҳлил намоем, ки ин ҳам як қадаме ба пеш аст.
-Нигоҳи шумо ба натиҷаи ин таҳлил чӣ гуна аст?
-Ҳисоби холҳо ду бар як.
-Оё гуфтаниед, ки ҳарду ҳодиса кори дасти як нафар аст?
-Бале, як иҷрочӣ бо ду намуди яроқ.
-Пас чаро тирро дар масофаи наздик ба Шаҳнози Зокир расонида натавонист?
-Чунки ҳолати ба вуқӯъомада ҳаминро тақозо мекард.
Рафту агар Файз Камол ба беморхона намеафтид, зарурият ба иҷрои амали мазкур пеш намеомад.
-Мо бошем, дар ҷустуҷӯи патрон ва марми хокро аз ғилбол гузаронида, чӣ қадар вақтро аз даст додем.
Дар ин бозии тақдир вақт худ довари аслии амалҳои мо гашт. Маҳз бо гузашти вақт Некрӯзи Нодир акси хешро дар “Оинаи зиндагӣ” дида ба милиса омад ва хост моро дар иҷрои амале, ки аксашро ба мадди назари мардум гузоштаем, муттаҳам намояд, бехабар аз ин ки бо чунин амал таваҷҷуҳи тафтишотро дар нисбати хеш бештар мекунад. Чун рӯзи дигараш вайро ба прокуратура даъват намуданд, муфаттиш баъди пурсиши расмӣ бо риояи талаботҳои дар қонун пешбинишуда вайро дар ду ҳолат ба ҷабрдида нишон дод.
Ҳарчанд амалҳои тафтишотӣ дар ин самт бе натиҷа анҷом ёфтанд, вале ҳамин амалҳо раванди фаъолияти корро тезтар намуд. То кадом андоза Некрӯзи Нодир дар амалҳои ҷиноӣ даст дорад, мо намедонем, вале гумон мекунам, ӯ ба таври мустақим ҳам набошад, бо роҳи ғайримустақим дар ин “бозиҳо” даст дорад. Дар ин ҷода наметавон хизмати муфаттишро сарфи назар кард. Маҳз талошҳои Нӯшини Азиз сабаб гардид ва Некрӯзи Нодир қадами навбатии хешро гузошт.
-Гуфтаниед, ки Некрӯзи Нодир аз будани нафари бо худаш чун як себи дукафон монанд хабардор аст?





