Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 157 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 157 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Шуморо гӯш мекунам.
-Дар рафти суҳбат гуфтед, ки нафарони ба ёрии ронандаи ба фалокат дучоршуда шитобида, аз ду самт ба ҷойи ҳодиса омадаанд. Оё ҳампешагони мо ҳангоми пурсиши онҳо дар бораи мошини дар он мавзеъ лангарпартофта ва ё нафаре, ки дар ҳамон гирду атроф пайдо шудааст, ягон хабаре ба даст овардаанд ё не?
-Рафту дар ин бора ягон дастоварде медоштанд, албатта, ба ман мегуфтанд, чунки онҳо мехоҳанд дар ин самт бо мо ҳамкорӣ дошта бошанд, то гуноҳи нафареро, ки сояашро аз девор метарошанд, дайн намоянд, ҳарчанд ӯ акнун ҷабрдида аст.
...
Хомӯшии ба вуқӯъ пайвастаро танҳо тук-туки соати деворӣ, ки болои дар овезон буд, халалдор мекард. Мо ҳар кадоме сари андешаҳои хеш дар ин баҳри хаёлот бо навои тук
– туки соат, ки аз гузашти вақт мужда медод, шино доштем.
Қиматтарин ҷавҳари ҳастӣ дар талоши ҳаёт ин вақт аст, вақте ки ҳар лаҳза аз умри мо мерабояд, вале моро аз ин парвое нест, мисли оне, ки гург барраеро аз рама мебарад, вале рамаро низ парвое аз он набошад. Аҳли башар бар он назаранд, ки вақт натанҳо ҷароҳатҳои ҷисмонию равонии инсонро муолиҷа мекунад, балки чун ченаки аслӣ дар гузоштани нуқта ба амалҳои инсонӣ хизмат мекунад.
Вақт мисли заминест, ки ба кишт эҳтиёҷ дорад, рафту ҳангоми кишт ба саҳлангорӣ роҳ додед, мунтазири ҳосил нашавед.
-Хушбахт онест, ки қимати вақт медонад, - ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста гуфт Абдурашиди Шариф.
Чуноне ки қувваи барқ таконат медиҳад, вуҷудам биларзид, охир Абдурашид ҳам сари он масъалае сухан гуфт, ки банда андеша доштам ва ё ӯ қобилияти хондани фикрронии дигаронро дорад? Хостам иқрор шавам, ки банда низ андешаи вақтро доштам, вале ҳамоно аз райъам гаштам, бигузор андешаи вақт чун пешниҳоди вай боқӣ монад.
–Ҳақ ба ҷониби худат, рафиқ лейтенанти калон, чунки мардони ориф бар он назаранд, ки вақт рафт, нақт рафт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан