-Ташвиши банда бар он аст, ки дар ҳодисаи ба сари Руҳулло Ғаффор омада қотил аз тапонча истофода бурдааст, ин ҷо бошад...
-Чун дар мавзеи ҳодисаи мазкур нафарони ба ёрӣ шитофта касеро надидаанд, аз эҳтимол дур нест, ки қотил мутахассиси касбист ва шояд аз масофаи муайяне мошинро ба нишон гирифта, қулангро зер намудааст.
-Дар зиндагӣ чун оташ бояд буд, то ба атрофиён гармию рӯшноӣ диҳӣ, дар акси ҳол ҳаракатҳои инсон дудро мемонад, ки он нишони сарде аз нур аст, ки чашми кас бисӯзад ва нақши сиёҳе дар дил бимонад ва маҳз чунин ҳолат метавонад бадбахтиҳоро пеш оварад.
-Ба андешаи банда Авази Аъзам ҳамеша сояи нафарони дигар будааст, соя бошад худ соя надорад, чун савораи бесар.
-Барои тафтишот соя ва ё дуд будани ӯ чандон муҳим нест. Рафту агар таноби умраш боқӣ бошад, барои кирдорҳои пасипардагиаш низ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт ва моро лозим аст то ба он рӯз ӯро чун мармараки чашм ҳифз намоем.
-Чӣ хеле гуфтам, ҳуҷраи бемор дар зери назорати шабонарӯзӣ аст.
-Боз шумо бандаро бовар намудан хостед, ки қотил мутахассиси касби хеш аст, ҳамин тавр?
-Бале.
-Мутахассиси касбӣ ҳаргиз кори хешро дар нимароҳ намегузорад, аз ҳамин нуқтаи назар бояд беморро дар ҳуҷрае хобонд, ки имконияти аз ягон тараф ба вай наздик шудан набошад.
-Обшорон ноҳияи хурди назди сарҳадист ва беморхонааш якошёна. Хуб мешуд шумо дар ин бора сарвари милисаи Обшоронро огоҳ менамудед.
-Чун Ҳамид Ҷовид биёяд, ман нуқтаи назари хешро дар ин бора ба вай хоҳам гуфт, ба ҳар ҳол сухани вай аз рӯӣ мақомаш қувваи бештаре дорад.
-Сад задани сӯзангару як задани оҳангар барин.
-Айнан ҳамин хел. Моро лозим меояд то бозгашти Ҳамид Ҷовид сари масъадаи дигаре низ рӯшанӣ андозем.





