-Тахминан дар масофаи як километр мошини дигаре аз дунболи эшон ҳаракат доштааст ва ногаҳон мусофири дар паҳлуи ронанда буда чӣ тавр ба ҷарӣ рафтани мошине, ки бо суръати баланд лаҳзае пештар аз паҳлуи онҳо гузаштарафтаро дидааст. Ҳамкорони мо аз ноҳияи Обшорон баъди гирифтани хулосаи ташхиси автотехникӣ бар он назаранд, ки маҳз дар ҷойи ҳодиса зуд пайдо шудани наҷотдиҳандагон имкони пурра амалӣ намудани мақсади қотилро ба боди фано дода.
-Набурад рагеро нахоҳад Худо.
-Дар асл ҳамин хел аст ва аз нуқтаи назари онҳое, ки ба ёриаш шитофтанд, рафту агар мошин оташ мегирифт, дигар имконияти наҷот додани вай набуд. Дар сари роҳ ронанда яке аз мусофиронашро гузошта, худ ҳамроҳи ду нафари дигар ба поёни дара рафтааст. Мусофири дар сари роҳ буда боз чанд мошинро боздошта аз онҳо кумак хостааст. Дар интиҳо қариб даҳ нафар ба поёни дара рафта бо чӣ азобҳое ронандаи аз ҳуш рафтаро аз дохили мошин бароварда, то рӯйи роҳ оварда, тариқи мошини дигар ба беморхонаи маркази ноҳияи Обшорон интиқол доданд.
-Гуфтед, ки ҳампешагони дар ноҳияи Обшорон будаи мо нисбати ронандаи ба фалокат дучоршуда нигоҳи хуш надоранд?
-Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки Обшорон минтақаи сарҳадист ва ҳампешаҳои мо бар он назаранд, ки гурӯҳҳои нашъаҷалоб борҳо аз хизмати эшон истифода бурдаанд.
-Не пойман, не вор.
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, чунки дар маҳали зисташ эшон боре ба ҷавобгарии ҷиноятӣ он тараф истад, ҳатто ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида нашудааст.
-Ҳар ки ҳосили киштаи хеш мегирад. Ҷав коштӣ, ҷав мегирӣ, гандум коштӣ, гандум. Албатта, ҳампешаҳои мо дар Обшорон кию чӣ будани эшонро хубтар медонанд, вале таваҷҷуҳи моро ӯ чун суханчин бедор намудааст ва мо бояд пайвастагиро дар ҳодисаи ба сараш омада аз ҳамин кунҷ мавриди назар қарор диҳем.
-Бошад.





