-Аз ин бармеояд, ки нафаре ва ё шояд гурӯҳе чунин як амалиётро тарҳрезӣ намуданд, вале тирашон боз хок хӯрд. Оё беҳтар набуд нафареро, ки таваҷҷуҳи моро бедор намудааст, сари як тир менамуданд “и все концы в воду.”
-Сареву савдое ва нафар ё гурӯҳе, ки ин амалиётро тарҳрезӣ намудаанд, мутмаин бар он буда, ки агар ронанда сад ҷон ҳам дошта бошад, баъди ба чунин ҷарӣ рафтан зинда нахоҳад монд. Охир ҳодисаҳои автомобилӣ як кори муқаррарии рӯзгори мост ва касе аз пайи ташхиси мушаххаси чунин ҳодисаҳо намешавад. Нафаре, ки чунин амалиётро ба нақша гирифтааст, ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки муддатест Авази Аъзам таваҷҷуҳи ҳомиёни қонунро бедор намуда ва агар чунин намебуд, ба гумон буд чархи мошинро ба ЭКО фиристанд.
-Пас агар чунин аст, ҳаёти Авази Аъзам ҳоло ҳам дар хатар аст.
-Дар қиссааш набошед, рафиқ капитан, чунки ҳуҷраи бемор дар зери назорати шабонарӯзии кормандони милиса қарор дорад.
-Аҷиб ки дар он субҳи солеҳон вай ба куҷо шитоб доштааст ва аз эҳтимол дур нест, ки суръати ҳаракати мошин хеле баланд будааст.
-Аз рӯйи нақшаи ба протоколи азназаргузаронии ҷой ҳодиса иловашуда маҳз ҳамин назарияи шумо мавриди баррасии гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ қарор гирифтааст, яъне ронанда бехатарии ҳаракатро дар роҳҳои морпечи кӯҳӣ ба инобат нагирифта суръатро баланд намуда, дар гардиши танге аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарӣ рафтааст, вале баъди гирифтани хулосаи ташхис сабаби ба ҷарӣ рафтани мошинро дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна ба қалам додаанд, яъне баробари расидани тир ба чархи чапи қисми пеши мошин боиси яку якбора кам шудани фишори атмосферӣ дар дохили чарх гардида, қувваи кашиши як тарафаро ба амал оварда, онро ба самти ҷарӣ бурдааст.
-Аз ҳодисаи ба сари ронанда омада чӣ хел хабардор шудаанд?





