Ҳамон шом ман шомили гурӯҳи фаврӣ –тафтишотӣ будам ва бародарро дида натавонистам. То посе аз гузаштани шаб мо сари суҳбат қарор доштем ва Наҷиб аз ашъори Ҷалолиддини Румӣ ва Сайидои Насафӣ бароямон суруд замзама намуд. Вақте ақрабаки соат аз омад - омади рӯзи нав хабар дод ман ба ҳуҷраи хобам рафтам...
...26...
Сафари хизматии Абдурашиди Шариф ба ноҳияи Обшорон хеле тӯл кашид. Ӯ танҳо рӯзи душанбе ба идора омад.
Чун сарвари милисаро ба маҷлиси мушовараи ВКД даъват намуда буданд, мо ба ҳузури эшон рафта натавонистем. “То омадани табар кунда меосояд” - гуфтагӣ барин то бозгашти Ҳамид Ҷовид мо дастоварду камбудиҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятиро болои мизони вақт гузоштем.
Муҳимтарин дастовард аз натиҷаи ин сафар, ки лейтенанти калони милиса дар гузоришаш оварда буд, ин хулосаи ташхиси автотехникӣ буд, ки кормандони ЭКО22 -и ВКД ба анҷом расонида буданд.
Ба андешаи мутахасисони ЭКО садамаимошини ВАЗ – 2107 рақами давлатиаш 13 – 12 РТ 02 ронандааш Авази Аъзам дар натиҷаи таъсири беруна ё худ расидани тири 5,45 мм ба чархи қисми чапи пеши мошин ба амал омадааст.
Ҳодиса худ аз он шаҳодат медод, ки касе ба марги ронанда манфиатдор буда, вале милиса саҳван рух додани чунин ҳодисаро низ, ки кадом як тири дайдуе ба чархи мошин расидааст, инкор накарда буд.
Нигоҳи ҳампешагони мо нисбати ронандае, ки акнун дар ҳолати вазнини ҷисмони қарор дошт чун нигоҳи болшевикони замони Инқилоби Октябр ба буржуазияи даврони ҳукмронии охирин сулолаи Романовҳо – Николайи 2 боқӣ монда.
22 ЭКО –шӯъбаи ташхиси криминалистӣ.





