Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 152 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 152 аз 527 · 2 ноябри 2026

соат вақт. Фардо дар ҳамин соат ҳардуи шуморо бо гузориши муфассалатон интизор мешавам. Фаҳмо?
-Фаҳмо.
Соате пас Абдурашиди Шариф занг зад ва банда дар бораи ултиматуми сардор ба ӯ хабар додам.
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам ва кӣ медонад то фардо боз чӣ гапу хабарҳо мешавад. Ба ҳар ҳол ман мекӯшам, ки фардо то нимаи дуюми рӯз ба шумо занг занам.
-Беҳтар мешуд, агар рост ба сардори милиса занг мезадед.
-Аз рӯйи мақом шумо рафиқ капитан, сардори бевоситаи банда ҳастед ва хуб мешуд вазифаи хешро ба души ман бор намекардед.
Абдурашидро ҳамкорон ба ҳамин хотир эҳтиром мекунанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ кӯшиши бо соҳибмақомҳо наздик шуданро накардааст. “Муносибат дар кор на бояд аз доираи муқаррарнамудаи қонун берун бошад,”- гоҳҳо ба насиҳатҳои ман эътироз намуда мегӯяд шогирд ва ҳамин якравиҳои ӯ ба ман писанд аст...
Баъди суҳбати телефонӣ ман ба хона рафтам.
Чанд рӯз пеш бародари хурдиам Ҷомӣ баъди муҳоҷирати меҳнатӣ аз шаҳри Санкт-Петербург баргашта, ба аёдати падару модарам ба Сағирдашт рафта буд. Соате пештар аз хона занг зада дар бораи бозгашти бародар ба ман хабар доданд. Дарро ба рӯям Расул кушода, аз омадани амакаш мужда гирифт. Далели суханони Расул ин садои марғуладори Наҷиб гашт, ки дар меҳмонхона сурудеро зам зама дошт:
Аз китоби зиндагӣ дарси ҳунар омӯхтам, Зиндагӣ аз партави субҳи саҳар омӯхтам, Меҳрубониро ба ман гуфтори модар ёд дод, Хоксориро з-и рафтори падар омӯхтам..
Сурудро то ба охир дар роҳрав гӯш намудам, чунки нахостам бо пайдошавии хеш ба ҳофиз халал расонам.
Чун суруд поён ёфт ва ҳофиз оҳанги дуторро тағйир дод, вориди меҳмонхона шуда, бо бародарони ба истиқболам бархеста гарм вохӯрӣ намуда, сипас сари дастурхон нишастем. Баъди ду сол Ҷомиро бори аввал дидам, чунки баъди бозгашт аз Санкт-Петербург ӯ сари қадам ба хонаи мо омада, рӯзи дигараш ба Сағирдашт рафта буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан