Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 151 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 151 аз 527 · 2 ноябри 2026

...25...
“Савдои хона ба бозор рост намеояд” гуфтани мардум барин шуд. Субҳи рӯзи ҷумъа ё аниқтараш баъди ду рӯз аз вохӯрии охирин бо Некрӯзи Нодир лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои кор, ки дар рафти санҷиши аризаи Шаҳнози Зокир рӯӣи саҳна омада буд, ба ноҳияи Обшорон рафт. Мебоист дар Обшорон вай бо Аваз Аъзам вохӯрда ба чанд суоле, ки дар рафти тафтишот пайдо шуда буд ва ба тасдиқ ё инкори он зарурият пайдо шуда посух мегирифт. Ҳарчанд то кунун аз нафаре, ки муддати дароз ҷустуҷӯяш доштем домангир будем, вале дар асл ба муқобили эшон ягон далели мутамаде надоштем. Аз ҳамин лиҳоз, аз рӯӣ нақшаи минималӣ бояд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар Обшорон вайро пурсида, аз рӯйи натиҷаҳои ба дастовардааш дар асосӣ салоҳияти хеш амал менамуд, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд.
Қарибиҳои шом Абдурашиди Шариф аз Обшорон занг зада, хабар дод, ки бинобар дар ҳолати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона қарор доштани Авази Аъзам имконияти пурсидани вайро надорад ва супориши минбаъдаро барои бозгашт ё истодан интизор аст. Ман ба чанд суоли хеш, ки дар рафти ин суҳбати кӯтоҳ ба миён омад, посух гирифта, ба вай муваққатан худоҳофизӣ намуда, гуфтам интизор шавад, то рафта Ҳамид Ҷовидро дар ин бора огоҳ созам.
-Баъди тановули шом ман боз ба алоқа мебароям, - гӯён мусоҳибам ба гуфтугӯ нуқта гузошт.
-Шумо рафиқ капитан, қадам бардоштаву шогирдатон қадам ниҳода, - баъди шунидани матлаби банда изҳори нигаронӣ намуд Ҳамид Ҷовид.
-Субординатсия21 рафиқ полковник.
-Набошад ба вай гӯед, ки бе гирифтани маълумоти саҳеҳ дар бораи он садамаи нақлиётӣ, инчунин бе ба даст овардани маълумоти пурра дар бораи шахсияти Авази Аъзам пой ба остонаи ин бино нагузорад ва барои ҳамаи ин шуда бистучор

21 Субординатсия –мартабот, муносибат аз рӯӣ мансаб.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан