Натиҷаи ҳамин буд, ки танҳо дар давоми рӯз мо ба бисту як хабарномаи хеш ҷавоб гирифтем. Ин иқдом моро водор сохт, ки аз фиристодани хабарномаҳои дуюм, ки характери огоҳкунанда доштанд, худдорӣ намоем.
Ҳангоми таҳлил ва коркарди ҷавобҳои додашуда ба хулосае омадем, ки қариб 60 фисади онҳо аз рӯӣ мақоли “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам” фиристода шудааст, дурусттараш мақомотҳои гуногуни милисаи кишвар моро бовар кунонидан хостанд, ки акси дар хабарнома фиристодаамон сокини минтақаи онҳо нест ва агар дар ин бора маълумоти саҳеҳтаре ба даст оварда тавонанд, ба таври илова ба суроғаи мо хабар хоҳанд дод. 30 фисади ҷавобҳои ба суроғаи мо омада коркарди махсус ва санҷиши иловагиро тақозо мекард. Аз шумораи ҷавобҳои дохилшуда 4,7 фисад ё худ як мактуб таваҷҷуҳи моро ба рафти ҳодисаҳо дучанд кард. Дар нома омада буд, ки акси бо хабарнома фиристодашуда замоне ё дурусттараш ду сол пеш сокини ноҳияи Гулобод будааст.
Ҳамчунин ба мактуб нусха аз формаи №1, ки ба шаҳрванд Авази Аъзам тааллуқ доштааст, фиристода шуда буд. Дар хабарнома омада буд, ки ду сол пеш Авази Аъзам ҳавлиашро дар Гулобод фурӯхта, бо аҳли оилааш барои истиқомати доимӣ ба вилояти Хатлон рафтааст.
-Офарин ба ин гулободиҳо! - баъди шиносоӣ бо мактуб андешаҳои худашро баён намуд Абдурашиди Шариф.
-Гумон мекунам, ҳаракати обе, ки мо дар борааш ҳарф зада будем аллакай маҷрояшро гирифт.
-Шояд акси мазкурро ба Гулрӯи Солеҳ нишон диҳем? - пурсид ваколатдори кофтуковӣ ҷиноятӣ.
-Зид нестам, чунки акс таърихи на беш аз сесола дошта, он дар синни биступанҷсолагиаш гирифта шудааст.
Баъди рафтани Абдурашиди Шариф ман аз номи сарвари идораамон ба бюрои суроғаҳои ВКД ҷумҳурӣ мактуби расмӣ навишта, онро барои имзо ба назди сарвари милиса бурдам...
Соате пас Абдурашид ҳам омад ва хабар дод, ки Гулрӯи Солеҳ аксро шинохт.





