Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 149 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 149 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Нафаҳмидам.
-Ризқи гирдоб ба ҷуз хасу хошок дигар чизе нест, вале хизматаш баҳри минтақаҳои поёнии дар соҳили рӯд буда назаррас аст.
-Яъне, бо муштарӣ вохӯрда, мо сатҳи ҳаракати ояндаи корҳои ҷустуҷӯиро хеле рӯшан намудем?
-Дар асл ҳамин хел аст.
-Ба андешаи шумо нафаре, ки мо ҷустуҷӯяш дорем, сокини шаҳр аст?
-Худ шоҳид будед, аксари онҳое, ки ба милиса занг зада, оид ба акси дар “Оинаи зиндагӣ” дидаашон ҳарф заданд, нафари таваҷҷуҳашон бедорнамударо қадбаланд ва бо чашмони мешӣ муаррифӣ намуданд. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи онҳоро маҳз ҳамин Некрӯзи Нодир бедор намудааст. Ҳолатҳои ба ҳам монанд будани инсонҳо хеле зиёд аст ва аз эҳтимол дур нест нафари дигаре, ки бо Некрӯзи Нодир чун як себи дукафон монанд бо чашмони ранги осмонӣ дошта дар як гӯшаи ин диёр кору зиндагӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз, зарур мешуморам, ки такроран ба мақомотҳои милисаи кишвар мактуби расми фиристода иҷроиши хабарномаҳои аввалаамонро талаб намоем.
-Бе ин намешавад?
-Намешавад.
-Дар бисёр ҳолатҳо агар аз пайи супорише моро фиристанд, ҳатто вазнинии тапонча ва вазъ ороми кишварро баҳона карда, онро бо худ гирифтан намехостем, вале Ҳамид Ҷовид ҳамаи нафарони дар амалиёт иштирок намударо маҷбур менамуд, ки яроқашонро бо худ гиранд. Ба ҳама гуна эътироз ӯ танҳо як ҷавоб медод. Бигузор таппонча ҳаргиз аз ғилофаш берун наояд, вале бошад, ин садҳо маротиба беҳтар аз он аст, ки нохост зарур шуда монаду набошад. Имрӯз низ банда зарур шумурдам, ки дигарбора ба ҳампешаҳои хеш иҷрои амали ба душашон бударо гӯшрас намоям, бехабар аз он ки маҷрои оби мусаффои зери яхи шикаста нигоҳи ҳампешагони моро аз дигар манотиқҳои кишвар кайҳо ба худ ҷалб намуда.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан