Аз нигоҳи инсонӣ, ҳамкорӣ бо милиса дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ беҳтарин падида аст, вале дар аксари мавридҳо онҳое, ки ба милиса ёрӣ додан мехоҳанд, аз ифшо намудани ному насаб ва суроғаашон худдорӣ мекунанд. Чунин амалҳо мақоли маъмули халқӣ “дар уштур савору дар куфаш пинҳон”-ро ба ёд меорад, вале милиса ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯяд. Дар ҳодисаи мазкур ҳам муносибати муштарӣ бо мо айнан чунин шуд, чунки вай аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард. Чӣ аҷибест чунин навъи “бозӣ.” Бибинед баъзе нафароне, ки бо милиса ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Маълум ки чунин афрод дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ бетарафиро хуш надоранд ва дар ин амали хеш ҳанӯз фаъол нестанд, чунки дар соя мондан мехоҳанд ва дар ин ҳаводис тир мешиканад ё ҷувоз мекафад, барои онҳо фарқе надорад... Хушбахтона, дар ҳодисаи мазкур ба мо муяссар шуд, ки аз рӯйи рақами телефон шахсияти муштариро муайян намоем ва дар интиҳо ӯ шахсияти нафари дар ҷустуҷӯ бударо ошкор кард. Чун муштарӣ сокини маҳаллаи Сари Осиё буд, нафари таваҷҷуҳи ӯро бедор намуда низ сокини ҳамон маҳалла, ки аксаш доскаи “фахрӣ” “Оинаи зиндагӣ”-ро зеб дода буд, гардида.
Мутаассифона, хабаркаш чӣ ранг доштани чашмони гунаҳкорро намедонистааст. Абдурашиди Шариф муайян намуд, ки онҳо шиноси наздик набуданд ва эшон хостааст қарзи шаҳрвандии хешро дар назди қонун адо намояд. Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфтем, чунки дар ҳақиқат муштарӣ ба милиса ёрӣ додан хостааст.
-Аз қафои як хабаре, ки ду танга арзиш надорад, ин қадар сарсону саргардон шудем, - эътироз намуд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Муҳим он аст, ки муштарӣ дар ҳодисаи мазкур мавқеи бетарафиро ишғол накардааст, - лейтенанти калонро ором намуданӣ шуда гуфтам ман.
Зиндагӣ чун рӯди равон ҳамеша дар ҳаракат аст, вале гоҳо сари ҳамин рӯди пуртуғён ҳам монеаҳо пеш меоянд, чунки инсонҳо аксари маводҳои дар рӯзгор нолозимро ба об мепартоянд ва то замоне, ки гирдоб ҳама он хасу хорро ба қаъраш фурӯ набарад, рӯд тоза намешавад.





