Дар асл касе аз илми ғайб воқиф нест ва касе намедонад, суръати ҷараёни об дар зери ях чӣ гуна аст. Аввалин шуда ҳамсояҳои Некрӯзи Нодир рахнаеро дар яхи болои рӯд диданд ва чунон шӯру валвала барпо намуданд, ки яхи рахна пайдонамуда ба тамом фурӯ рафт ва ҳаракати пуртуғёни рӯд он ҳамаро ба поён бурд...
Нигоҳи роҳгузарон ба рӯзномаи “Оинаи зиндагӣ” нигоҳи В.И. Ленин ба буржуазияро ба ёд меовард ва маҳз ҳамин таваҷҷуҳҳои сард боиси омадани паёмҳо ба милиса гаштанд.
Дар давоми ду рӯз пас аз рафтани Некрӯзи Нодир сенздаҳ нафар ба милиса занг зада, ёрии беғаразонаи хешро дар ин самт пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, панҷ нафар аз нафарони ба ёрии тафтишот дасту остин барзада, суроғаи аслии нафари мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро гуфтанд, ки он суроғаи Некрӯзи Нодир буд. Ду нафар аз ҳамин гурӯҳ матлаби хеш бар он баён намуданд, ки милиса худ мардумро ба иштибоҳ андохтааст ва мебоист онҳо ранги аслии чашмони гумонбарро менавиштанд. Чӣ тавр метавон акси нафареро ба қалам доду чашмони меширо ранги осмонӣ арзёбӣ намуд, андешаи хешро қариб дар чунин шакл баён намуданд нафароне, ки бо милиса дар тамос шуда буданд.
Нафаре аз онҳое, ки ба милиса ёрӣ додан мехост, хабар дод, ки қади нафари дар ҷустуҷӯ бударо аз аслаш паст нишон додаем.
Новобаста аз он ки ин ҳама хабару гузоришҳо ягон натиҷае медод ё не, вале ҳамин як муташаккилӣ, ки ифодаи иродаи мардум нисбат ба ҷинояту ҷинояткорӣ буд, моро то андозае болидарӯҳ намуд.
Дар корҳои ҷустуҷӯӣ таҳлил нақши асосӣ дорад ва он муносибати сардро намепазирад. Чун яке аз муштариён хабар дод, ки мо қади нафари дар ҷустуҷӯ бударо аз будаш паст (бояд қайд намуд, ки Гулрӯи Солеҳ қади суханчини ба қаҳвахонаи “Дидор” ташрифовардаро миёна ба қалам дода буд) нишон додаем, моро лозим омад, то муштариро пайдо намуда, ба суҳбати расми розӣ намоем.





