-Ҳоло ки мо нисбат ба вай далеле дар даст надорем, ӯро ба гӯшаи фаромушӣ дода, самти корҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтишотиро тағйир медодем.
-Ба андешаи шумо чӣ бояд кард?
-Аён аст, ки суханчин нафарест ба Некрӯзи Нодир монанд ва чун ӯро дарёбем, об ба лаби ҷӯй баробар хоҳад шуд.
-Мо бояд вайро мепурсидем, ки оё боре ҳам нафари ба худаш монандро дидааст ё не?
-Дар ин бора ман вайро пурсидам. Инкор кард ва ба зери нишондоди расмияш имзо гузошт.
-Дар нисбати ман ва капитани милиса Сорбони Ҳомид шумо кори хайреро анҷом додед.
-Ҳар кор нозукиҳои хешро дорад. Рафту агар шумо суханчини ҳақиқиро боздошт намоед, дар атрофи шиносоии эшон бо Некрӯзи Нодир пурсон шавед!
-Қабул.
-Шояд шумо ҳам бо мо якҷоя меравед, - пеш аз ба мошини хизмати нишастан пурсид Нӯшини Азиз.
-Не, ман бояд аз пайи дигар супоришҳо равам.
-Чӣ илоҷ, ба ҳар ҳол имрӯз мо дар самти корҳои тафтишотӣ новобаста аз бе натиҷа анҷом ёфтани он як қадаме ба пеш гузоштем, - гӯён муфаттиш ба мошин нишаст...
...24...
-Ҳуҷуми аввалин дар хатти ҷабҳа (фронт) бебарор анҷом ёфт ва боиси дилшикастагии мо шуд, вале падидае, ки субҳи фардояш ба милиса расид, дар ин ҳаводис мақоли халқии “поёни шаби сиёҳ сафед аст”-ро рӯйи саҳна овард.
Дигар он яхи шикаста болои ҷараёни оби мусаффоро пӯшонида натавонист. Нигоҳи мардум ба маҷрои оби аз зери ях ҳаракаткунанда таваҷҷуҳи бузургеро ба бор овард ва аз ҳар тараф дар атрофи ҳаракати пуртуғёни рӯд, ки замоне дар зери ях аз назарҳо ниҳон монда буд, андешаҳои мухталиферо ба миён овард. Ҳар нафаре, ки ба рафти ҳаракати ин ҷараён таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд, мекӯшид фикру андешаҳои хешро баён намояд.
Дар рӯзи аввали ташрифи Некрӯзи Нодир ба милиса мо бар он андеша будем, ки ҳампешаҳоямон аз дигар шаҳру навоҳии кишвар нисбат ба хабарномаҳои фиристодаамон аз паси панҷа нигоҳ мекунанд, вале ин ҳама аз хаёли ботиле беш набудааст.





