Дар мувофиқа бо тафтишот баъди як рӯз дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун нафари бо ултиматум ба милиса омада, ба дафтари кории муфаттиш Нӯшини Азиз ҳозир шуд. Мақсади даъваташро ба прокуратура фаҳмида, қариб қиёматро ба по хезонд, вале ба зудӣ дасткӯтоҳии хешро дар назди қонун ҳис намуда, ба гузаронидани яке аз амалҳои тафтишотӣ розӣ шуд.
Нафари ба сӯи ман тир холи намуда ана ҳамин кас, - дар байни панҷ нафар ба тарафи Некрӯзи Нодир ишора намуда гуфт Шаҳнози Зокир, вале...
-Чаро суханатонро буридед? - пурсид муфаттиш.
-Чӣ гӯям? - каме дар шигифт шуда ба ҷойи ҷавоб савол дод ҷабрдида.
-Ҳақиқатро гӯед, охир мо ба тақдири инсонҳо бозӣ карда наметавонем.
-Дар намуд ӯ аслан ба нафари қасд ба ҷони ман намуда ниҳоят монанд, қариб чун як себи дукафон, вале ин кас қоматбаланд.
Муфаттиш маҷбур шуд давоми саҳнаи амалиётро бо иштироки Некрӯзи Нодир дар ҷойи аслии ҳодиса ё худ пеши қабристони шаҳр ба мадди назари ҷабрдида Шаҳнози Зокир гузорад. Дар ҳамон ҷо ҷабрдида сухани қатъии хеш бар он гуфт, ки нафари қасд ба ҷонаш намуда нисбат ба Некрӯзи Нодир хеле паст буд...
-Везёт же людям, - аз чунин ранг гирифтани ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда гуфт Абдурашиди Шариф.
-Тадбир ба тақдири Худованд намонад.
-Ҳар чӣ ҳам бошад, ман ба бегуноҳии эшон боварӣ надорам.
-Ин хеле бад аст.
-Чаро?
-Чунки дар кори мо ба эҳсосот роҳ додан ин амалест бар хилофи қонун.
-Зинда бошем, мебинем.
-Чиро?
-Гунаҳкор будани ин ҷавони қоматбаланди муваққатан бекорро.





