-Бале, ҳамин хел, ба фикрам қади вай аз қади ман ҳам баландтар аст. - Агар малоли хотиратон наояд, мегуфтед қади шумо чанд аст?
-178 см.
-Пас агар чунин аст, қади эшон на камтар аз 180 см аст ва ин дар ҳолест, ки пешхизматдухтар аз қаҳвахонаи “Дидор” қади суханчинро миёна арзёбӣ намуда.
-Шояд пешхизмат хато карда бошад.
-Модоме, ки духтар ба ранги чашмони мизоҷ чунин аҳмият додааст, пас чӣ тавр вай дар баёни қади суханчин ба хато роҳ медодааст? Ба гумонам, дар мадди аввал қади суханчин дар саҳфаи хотироти пешхизмат нақш баста ва ҳар кас қади мусоҳибашро дар қиёс бо қади хеш мебинад.
-Бисёр хуб, вале ин ҳанӯз як тарафи кор аст.
-Тарафи дигараш чист?
-Мо бояд акси ба мадди назари мардум дар “Оинаи зиндагӣ” гузоштаамонро ба Шаҳнози Зокир нишон медодем.
-Ҳоло ҳам дер нашудааст.
-Да, чем чёрт не шутит.
-Хуб мешуд, ки мо акси аслии вайро ҳам ба ҷабрдида ва ҳам ба пешхизмат нишон медодем.
-Афсӯс ман акси эшонро нагирифтам ва ҳатто кӯшиши ба ҳамаи саволҳоям ҷавоб гирифтанро ҳам накардам.
-Беҳуда нагуфтаанд, ки “аз одами бекор ҳама безор” ва аз эҳтимол дур нест, ҳамин тарафи ҳолномаи мусоҳиби бо ултиматум омада садди роҳи суҳбати шумо нагардида бошад.
-Шояд чунин ҳам бошад, вале ин гуноҳи бандаро кам намекунад.
-Терпи казак атаманом будешь…
…23 …
Рафту дар дунё калимаҳои “агар”, “вале”, “лекин” арзи вуҷуд намекарданд, кӣ медонад зиндагии мо чӣ ранг мегирифт. Дар бисёр ҳолат инсон тоқати шунидани ин калимаҳоро надорад, чунки ҳар яке аз ин калимаҳо метавонад амали иҷронамудаи инсонро инкор намояд, вале набояд аз ҳамаи ин фоҷиа сохт, чунки зиндагӣ ин хостаи як тараф нест, балки он маҷмуаи бешу камист.





