-Аз сари субҳ шуморо надида ташвиш шудам, - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф вориди дафтари кориам шуд.
-Хуб шуд, ки омадед, - ман ба истиқболи вай аз ҷой бархестам ва курсиеро баҳри нишастани ӯ нишон додам.
-Авзоятон парешон менамояд?
-Ҳа, ях шикаст.
-Нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмо? Ба ҷои ҷавоби хабарномаҳои фиристодаамон, ки дар асоси нишондоди пешхизмати қаҳвахонаи “Дидор” тарҳрезӣ шуда буд, худи соҳиби акс омад.
-Шумо бошед ба ҷой хурсанд шудан парешонҳол гаштед?
-Ба ҷойи ман дигар кас ҳам мешуд, айнан ба вай низ чунин ҳолат рух медод.
-Чаро?
-Чунки вай бо ултиматум омада буд.
-Маълум ки бегуноҳ будааст?
-Шояд.
-Чӣ шумо ба бегуноҳии вай боварӣ надоред?
-Магар ба инсоне, ки дар ягон ҷо кор намекунад ва сарчашмаи зиндагиаш номаълум аст, бовар кардан мумкин аст?
-Шуморо акнун фаҳмидам, рафиқ капитан.
-Бисёр хуб, гуфтам ман ва сабаби ба милиса омадани Некрӯзи Нодир ва суҳбати хешро бо вай, ки боиси парешонхотириям гашта буд, баён намуда, аз мусоҳиби навам кумак хостам.
-Мо ҳамеша ба кумаку маслиҳати шумо ниёз дорем, ин ҷо бошад.
-Ҷомаи бомаслиҳат, кӯтоҳ намеояд.
-Чӣ илоҷ?
-Нуқтаи назари шумо дар ин бора.
-Гуфед, ки Некрӯзи Нодир ҷавони қадбаланд аст?





