Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 142 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 142 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ях шикаст.
Оби мусаффои дар зери он ҳаракаткунанда аз хеш дарак дод.
Нигоҳи мо ба оби рӯде, ки то ҳанӯз дар зери ях аз назарҳо пинҳон буд, дигар шуд.
Мардони ориф бар он назаранд, ки ҳар ҳодисаи ба сари инсон омада натанҳо натиҷаи амал, балки натиҷаи андешаҳояш ҳастанд. Соате пештар ҳангоми суҳбат бо Некрӯзи Нодир банда дар нисбати ҳампешаҳои хеш аз дигар шаҳру ноҳияҳо, ки мо акси суханчинро аз қаҳвахонаи “Дидор” ба онҳо фиристодаву то кунун ҷавобе нагирифта будем, изҳори нигаронӣ намуда будам, вале баъди омадани Некрӯзи Нодир дар замирам андешае пайдо шуд, ки худи ҳампешаҳои мо, ки зертобеъи як раёсат ҳастем, нисбат ба хабарҳои фиристодаамон аз паси панҷа нигоҳ намудаанд.
Далели ҳамаи ин андешаҳо он буд, ки ҳамсояҳои Некрӯзи Нодир ба акси ба мадди назари мардум гузоштаи милиса таваҷҷуҳ зоҳир намудаву худи милисаҳои хизмати патрулию пайроҳадорӣ ва нозирони минтақавӣ не. Агар чунин намебуд, асло Некрӯзи Нодир ба милиса намеомад. Шояд теғи нигоҳи мардум, ки боиси баланд шудани фишори хуни модараш гашта буд, ӯро барои ҳимояи ҳуқуқҳояш ба милиса овард. Ба бахти худи ӯ ки чашмони мешиаш ба сабти зери акси дар “Ойнаи зиндагӣ” омада мувофиқат накарданд ва эшон чун ғолиб бо сари баланд аз ин бино берун рафт. Мисли оне, ки қувваи барқ таконат медиҳад, ногоҳ сари андешае вуҷудам биларзид. Охир Некрӯзи Нодирро маҳз ҳамин нишонаи хурд ё худ ранги чашмҳо барои омадан ба милиса ҳидоят намуд. Пас агар чунин аст, мебоист сари ин масъала дурустар андеша намоем...
-“Муваққатан бекор.” Ана ёбу гир.
Пас сарчашмаи зиндагӣ аз куҷост?
Ин ягона суоле буд, ки баъди рафтани Некрӯзи Нодир бандаро ором нагузошт, ки нагузошт. Гумон намудам дар як муҳити беҳавое қарор дораму нафасгириам торафт душвортар шуда истодааст. Аз ҷой бархестам, то ба саҳни ҳавлӣ бароям, вале дар ҳамин асно касе ба дар ангушт зад ва дилу бедилон дубора ба курсӣ нишаста гулӯ рӯшан намудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан