Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 141 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 141 аз 527 · 2 ноябри 2026

Магар ҳамин ҳолат кифоя набуд, ки шумо андеша намоед?
-Охир ҳамсояҳо...
-Магар ҳамин ҳам баҳона шуд. Эҳтимол онҳо ҳамин тағйиротро фаҳмида, ба милиса занг назаданд, вале худи шумо ҳамин чизи одиро дарк накардед.
-Ман дар нигоҳи онҳо нафратро ҳис кардам, шумо бошед, бандаро бовар кунониданӣ мешавед, ки онҳо ҳамин тағйиротро фаҳмиданд, вагарна ба милиса занг мезаданд.
Балоро онҳо нафаҳмиданд ва чаро то кунун ба милиса занг назаданд, ман худам ҳам ҳайрон?
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале набояд аз чунин як амали хурде фоҷиа сохт.Модоме ки шумо гуноҳе надошта бошед, чӣ ҷойи таассуф?
-Чӣ шумо то кунун ба бегуноҳии ман боварӣ надоред?
-Боварӣ доштан ё надоштани банда ба амалҳои карда ва ё нокардаи шумо ин ҳалли муаммо нест. Муҳим он аст, ки шумо худ ба бегуноҳ буданатон боварӣ дошта бошед.
-Ман гуноҳе надорам.
-Модоме ки чунин аст, ман дигар вақти шуморо намегирам. Рафту зарур шуда монед, мо албатта, шуморо ҷеғ мезанем.
-Инаш барои чӣ?
-Қоида ҳамин.
-Қоида, қоида гуфта мегардед, - гӯён Некрӯзи Нодир аз ҷой бархест..
Некрӯзи Нодир рафт, вале нигоҳи банда аз қафои ӯ чун нигоҳи мусофири аз қатора қафо монда низ аз дунболаш рафт... Ҳамаи инро сабаб чӣ буд ман нафаҳмидам, вале аз он ки ба бисёре аз суолҳои хеш ҷавоб нагирифта, бо мусоҳиби тасодуфиам, ки худ ба милиса омада буд, худоҳофизӣ намудам, дар шигифт шудам. То кунун мо бар он назар будем, ки эҳтимол акси дар асоси нишондоди Гулрӯи Солеҳ тарҳрезишуда ба симои аслии нафаре, ки милиса дар ҷустуҷӯяш дасту остин барзада буд, чандон монанд набошад, вале ташрифи нобаҳангоми Некрӯзи Нодир ин ҳамаро чун хаёли ботил ба боди фано бурд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан