Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 140 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 140 аз 527 · 2 ноябри 2026

Тайи он мудате, ки Некрӯзи Нодир аз амали ғайриқонунии мо , ки боиси мушаввашии хотир ва бистарӣ шудани модараш гардида буд, сухан мегуфт, ман чанд маротиба дуздида – дуздида симои эшонро бо акси суханчин аз қаҳвахонаи “Дидор” қиёс намудам. Дар нигоҳ симои нафари дар ҳузури ман буда бо акси суханчин, ки мо баҳри дарёфташ дасту остин барзада будем ва онро дар доскаи “фахри” “Оинаи зиндагӣ” ба мадди назари роҳгузарон гузоштаву аз мардум барои дастгир намудани нафари дар акс тасвирёфта имдод хоста будем, чун як себи дукафон буд, вале...
Дар ҳамон нигоҳи дуздона ҳам ман ногузир будани шикасти хешро дар самти ҳуҷум дарёфтам. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки нафари таваҷҷуҳи милисаро бедор намуда чашмони ранги осмонӣ дошт, вале ранги чашмони нафари ба шикоят омада мешӣ буданд...
-Худо шифо диҳад! - гуфтам ман ва бо ин амалам мусоҳибамро аз давом додани шикояташ боздоштам.
-Гумон мекунам хатои хешро аллакай фаҳмидед?
Ба хотири нигоҳ доштани шаъну эътибори коргоҳ ман гарчи аз зин бархоста будам, вале нияти пой аз рикоб гирифтан надоштам. Ҳарчанд лаҳзае пештар ман ногузир будани шикасти хешро дарк намуда будам, вале дар лаҳзаи охир ҳамин як хаторо ба манфиати хеш, ба манфиати коргоҳи хеш ҳал намуданӣ шуда гуфтам:

  • Беҳуда шумо пеш аз пода чанг андохтед.
    -Нафаҳмидам.
    -Ана дар зери ҳамин акс нишонаҳои махсуси нафаре, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор намудааст, оварда шудааст.
    Мебоист шумо ҳамин нуқтаро ба инобат мегирифтед.
    -Магар ҳамин акс, ки ба симои ман чун як себи дукафон аст, кофӣ нест?
    -Манзуратон бод, ки инсонҳои дар зоҳир ба ҳам монанд хеле зиёданд, вале онҳо аз ҳамдигар бо фарқияти ночизе иштибоҳи ба амал омадаро бартараф месозанд. Охир дар зери акс омадааст, ки чашмони нафари дар ҷустуҷӯ буда ранги осмонӣ доранд, чашмони шумо бошад, баръакс мешианд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан