-Шуморо бовар мекунонам, ки аз ман дида худи ҳамон мақомоти гуфтаатон дар ин ҷода гуноҳи бештаре дорад.
-Чӣ хел гуноҳ?
-Мехостам фаҳмам, ки чӣ тавр акси банда дар ин рӯзнома ва доскаи ба қавли худатон “фахрӣ” пайдо шудааст?
-Худро ба даст гиред, - ман курсиеро барои нишаст ба он ҷавони ба шӯромада нишон додам.
-Ин ба гуфтан осон, милиса шуда ба тақдири одамон бозӣ мекунеду боз “худро ба даст гиред” мегӯед.
-Рафту агар шумо худро ба даст нагиред, ба гумон аст мо сари он масъалае, ки боиси малоли хотиратон гаштааст, ба мувофиқа биоем, хоҳиш мекунам...
Мусоҳиби банда шояд каме ором шуд, ки муваққатан ҳам бошад ба курсӣ нишаст. Беҳуда нагуфтаанд, ки сухани хуш морро ҳам аз лонааш берун мекунад.
-Ба ростӣ, боре ҳам ба гӯшаи хотир наоварда будам, ки рӯзе мешаваду кори ман ба милиса меафтад.
-Вне закона может оказаться каждый.
-Рафту агар ман гуноҳе медоштам, бо даъво ба ин ҷо меомадам?
-Кӣ медонад, вале хуш бар ҳолатон, ки баҳри рӯшанӣ андохтан ба хатои мо ба милиса омадед. Беҳтар мешуд, ки худро муаррифӣ намуда, гуноҳи онҳоеро, ки боиси малоли хотиратон гардидаанд, баён менамудед.
-Некрӯзи Нодир, сисола, муҷҷарад, мувақатан бекор, зода ва истиқоматкунандаи маҳалаи Сариосиёи шаҳри Душанбе.
Малоли хотирам бояд ба шумо маълум бошад, чунки бо гуноҳи милиса акси банда чун нафари дар ҷустуҷӯ қарор дошта дар ин лавҳаи “фахриатон” - мусоҳибам бо дасташ ба рӯзномаи болои мизи буда ишора намуд, - ба мадди назари роҳгузарон гузошта шудааст. Аз дирӯз бегоҳӣ ҳақӯ ҳамсояҳо ба ман чун ба гови ало нигоҳ мекунанд. Ба касофатии ин муаррифӣ дишаб фишори хуни модарам баланд шуд ва “Ёрии таъҷилӣ” омада, вайро ба беморхона бурд...





