Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Мисли оби рехта...
Мисли шишаи бишкаста ва боз санги ҳангоми ҷангу ҷанҷол аз ёд рафта, ки онро ба ҷуз ба сари хеш задан дигар чорае набошад...
Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро аризаро аз рӯӣ тобеият ба прокуратура нафиристоданд.
...Мошин бо суръати баланд маро боз ба назди нафаре мебурд, ки соате пештар бандаро дар хунукназарӣ ба вазифаи хизматиам гунаҳкор намудан хост.
Мардумон беҳуда аз хеш напурсидаанд, ки “калтакро ки хӯрад?”- ва боз худ аз таҷрибаи рӯзгор ба суоли хеш посух гуфта, ки “Ятим.” Гар дар ҳама даҳр як сари нештар аст, Дар пой касе халад. ки дарвештар аст.
Дар куҷо буданамро аз ёд бароварда бо овози шунаво гуфтам ман.
Шояд он дар гӯши ронанда чун мусиқии ноҷур дигар хел садо дод, ки пой ба тормоз бурд...
-Чаро истодед? - пурсидам аз ронанда.
-Магар амри ист надодед?
-Не.
Мошин боз дар самти хати ҳаракаташ рост шуд ва маро дубора сари андешаҳоям танҳо гузошт.
Ҷабрдида дар аризааш оварда буд, ки дирӯз ҳангоми аз сари манзили падараш аз қабристони шаҳрӣ берун омадан, нафаре дар рӯ ба рӯяш мошинаи сабукраверо боз дошта, ба сӯяш тир холӣ намудааст.
Ин ҳама суханони хушку холӣ набуданд, чун ҳодисаро чанд тан аз роҳгузарон дида ва аз рӯӣ қарзи шаҳрвандӣ ба милиса нишондод дода буданд Аз нигоҳи юридикӣ ҳаминаш кифоя буд, ки ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада ҷинояти анҷомёфта ҳисобида шавад ва ба қайд гирифтани он дар китоби №1-и мақомоти милиса худ далеле аз муҳимияти аризаи шаҳрванд буд.
Дар ин самт оид ба ҳаракатҳои гурӯҳи фаврӣ - тафтишотии ба ҷои ҳодиса рафта эътироз намудан аз камоли хирад набуд, вале...




