Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фиристод гуфтан ин кам аст. Ӯ маро барои хунукназариам дар атрофи аризаи Шаҳнози Зокир, ки дирӯз бегоҳӣ онро гирифта будам, қариб гунаҳкор намуда буд, ҳарчанд ба андешаи банда, баъди ба зери назорати берунӣ гирифтани манзили истиқоматии духтаре, ки бо ариза ба милиса муроҷиат намуда буд, ба вай дигар хатаре таҳдид намекард.
Ҳамин як занги телефонӣ нигаронии бандаро дар атрофи аризае, ки дохили ҷузвдони чармин дар дастам буд, боз ҳам бештар намуд ва аз андешаҳои бесарунӯг мӯй баданам рост шуд.
Рафту...
Ин нидое буд, чун эътироз аз замирам бархоста.
Ҳеҷ боварам намеояд, ки қотил баъди ин ҳама такопӯи милиса дигарбора қасд ба ҷони Шаҳнози Зокир намуда бошад, қариб бо овози шунаво гуфтам ман.
“Аз куҷо донам, ки сардорро чӣ дарде дар замир аст? Амр намуд ҳама корро гузошта таъҷилан ба идора баргардед,” - ба ёд овардам суханони чандлаҳза пештар гуфтаи котибаро.
Дар замоне ки дар тарозуи вақт хайр ва шар сари андешаҳои банда даст ба гиребон буданд, чароғаки сабз аз самти муқобили роҳ боз ба сӯям чашмак зад.
Дар дигар ҳолат мешуд, албатта, ман супориши аввалаи сардорро ба сомон расонида, сипас ба идора бармегаштам.
Вале ин даъфа...
“Ҳама корро монда, таъҷилан ба идора баргардед!” - гуфтани котиба худ як такон шуд, таконе, ки қуввааш аз қонуни сеюми Исаак Нютон камӣ надошт. Маҳз ҳамин қувва бо ҷилои чароғаки сабз омехта шуд ва ман беихтиёр ба ҳамон самте, ки чанд лаҳза пеш занги телефонии котиба бандаро дарёфта буд, гом задам...
Ин амалам боиси вазн гирифтан ва дастболо шудани он палаи тарозу гашт, ки даъвати таъҷилии сардор ва занги телефонии котиба болояш гузошта шуда буданд.
Даъвати таъҷилии сардор чун ҳама чунин даъватҳои дар зиндагӣ ба вуқӯъ пайваста фоли нек набуд ва дар лаҳзаи ноқулай (чунки ман то кунун роҳро убур накарда будам) ҳам бошад, ман суханони Мустақими Додарбекро ба ёд овардам.
Дӯст ва ҳамсабақи донишгоҳиам Мустақими Додарбек, ки мӯйи сари хешро дар милиса сафед намудааст, дар аксари мавридҳо ба амру супоришҳое, ки пояи устувор надоранд, “дело пахнет керосином” - гӯён баҳо медиҳад ва маҳз ҳамин сухани дӯст дар ҳамин лаҳза ба торҳои дилам нохун зад...
Навои нобаҳангоми аз замирам бархоста бо овози гӯшхароши мошинҳои аз паҳлӯям гузаштаистода, ки аз бӯйи дудашон кас нафасгир мешуд, бо даъвати нобаҳангоми сардор ва занги бемаҳали котибаи шаттоҳ омехта шуда, ба машомам бӯйи борутро овард...
Чорроҳаро гузашта ҳамоно ба самти шарқ тоб хӯрдам ва чорроҳаи муқобилро низ бе мушкилие убур намуда, таксиеро боздошта, суроғаро гуфта, худ ба нишастҷойи қафо нишастам...
Чун ронанда каломе ба забон наоварда, саргарми кори хеш шуд, кӯшидам то сари ин даъвати нобаҳангом рӯшанӣ андозам... Ҳарчанд ман даъвати аниқи сардорро намедонистам, вале дилам гувоҳӣ медод, ки маҳз ҳамон аризаи дирӯз бегоҳӣ гирифтаам сабабгори ин ҳама нобасомониҳост.
...Субҳи рӯзи гузашта маро ҳамроҳи лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф аз рӯйи парвандаи ҷиноие чун шоҳид ба мурофиаи судӣ даъват намуданд. Дар мурофиа лозим омад, ки ман ҳамроҳи Абдурашид аз болои Ёсумани Мансур ном зан, ки тариқи наркоз дӯстдоштаашро ба он дунё фиристода буд, нишондод диҳем...3 Дар нимаи дуюми рӯз ба коргоҳ баргашта, ба дасти навбатдор афтидам. Эшон маро аз даҳлези бино рост ба қисми навбатдорӣ дароварда, аризаи Шаҳнози Зокир ном занро баъди гирифтани имзоям ба китоби №1 (китоби қайди ҷиноятҳо) ба дастам супорида, ба қавле бори гаронеро аз душаш дур намуд. Навбатдор баъди ин амалаш чунон уф кашид, ки...

3 Нигар ба романи бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азиз “Сангчарх”.

пешина
аз 527
навбатӣ