Бубин ба эҳсосот дода шуда, коҳи кӯҳнаро ба бод додам ва иззати вайро ҳамчун меҳмон пос надоштам, ҳол он ки муфаттиш бо нияти нек пой ба остонаи коргоҳи мо гузошта буд...
Хомӯшӣ дар муҳити дафтари корӣ танинандоз гашт ва ҳеҷ яке аз мо аввалин шуда риштаи суханро ба даст гирифтан надошт.
“Капитан нашуда мур, чорае андеш вагарна меҳмон хеста меравад ва ҳамааш аз бад бадтар хоҳад шуд, ҳоло ки дер нашудааст”- нидо омад аз замирам.
-Бубахш, бародар, ба фикрам, ман ҳам ба эҳсосот дода шуда...
-Ҳаминаш беҳтар шуд, ки ҳардуи мо баробар шудем,- бо як табассуми малеҳе посух дод мусоҳибам ва ман бори дуюм ҳис намудам, ки вай актёри хуб ва ё марди бекинаест...
-Одамӣ шири хомхӯрда, вагарна чӣ лозим буд кохи кӯҳнаро бод кардан.
-“Кулӯхандозро подош санг аст ва шумо он чиро гуфтед, ки бояд мегуфтед” ва маҳз тавассути ҳамин суханон мо ғубори дили хеш бурун намудем ва акнун месазад бо дили соф сари масъалаи аслӣ баргардем.
-Бошад.
-Аз забони сарвари идораамон ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои шумо дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ ба манфиати мо ҳал шудааст, дурустараш шумо симои аслии Руҳулло Ғаффорро рӯйи саҳна овардед.
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале мо низ дар айни вақт ба ҷуз оне ки ба шахсияти эшон рӯшанӣ андохтем, дигар дастоварде надорем.
-Ҳоло ҳам Матлубаи Руҳулло бар он назар аст, ки дугонааш қасди ҷони падараш намуда ва агарчунин аст мо метавонем ҳамин ҳолатро чун назарияи асосии корҳои тафтишотӣ қарор диҳем?
-То дирӯз мо ҳам сари ҳамин нуқтаи назар андеша доштем, вале бояд зикр намоям, ки “бозиҳо”-и пасипардагии волидайн боиси андешаҳои бемантиқи фарзандон гардидааст.
-Далел?





