- Онҳое, ки қасд ба ҷони Руҳулло Ғаффор намуданд, мехостанд гуноҳро ба души Файз Камол ҳавола намоянд ва чун баъди иҷрои амалашон фаҳмиданд, ки дар ин самт тирашон хок хӯрд, ба ин мансаб номзади дигареро ҷустуҷӯ намуданд. Чун Шаҳнози Зокир сояи қотили падарашро аз девор метарошид ва онҳо аз ин муносибати сард хабардор буданд, ӯро чун номзад ба маснади қотил пазируфтанд. Шумо он рӯз дуруст қайд намудед, ки дар ҳодисаи аввала қотил тирро дар масофаи 28 метр ба нишон расонидааст ва чӣ хел пайвастагиест, ки дар ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада дар масофаи 12 – 14 метр ба нишон расонида натавонистааст.
То кунун мо бар он андеша ҳастем, ки онҳо тавваҷуҳи милисаро ҳамчун ҳисоббаробаркунии доираҳои криминалӣ ба ҳодисаи мазкур бедор намуданӣ шуданд ва аҷаб нест дар ҳодисаи дуюм тапончаи газдор истифода нашуда бошад.
-Тапончаи садодиҳанда?
-Бале.
-Пас агар чунин аст, аз якҷоя намудани ду парванда моро роҳи халосӣ нест?
-Дарё ҳамеша худаш маҷрояшро муайян мекунад.
-Дар асл, агар чунин аст, парвандаи дар дасти мо буда парвандаи асосӣ маҳсуб меёбад ва шумо бояд парвандаи қасд ба ҷони Шаҳнози Зокирро низ ба мо диҳед.
-Дар ин ҷода банда дасткӯтоҳам.
-Мефаҳмам, ки ин ваколати прокурор аст, вале нуқтаи назари шуморо дар ин бора донистан мехоҳам.
-Барои ман фарқе надорад.
-Рафту агар санҷиши парвандаҳои якҷоянамударо ба ман вогузор намоянд, ман худ аз мақомоти болоӣ талаб менамоям, ки шахсан шуморо ба ҳайати гурӯҳи тафтишотӣ шомил намоянд.
Дар тамоми давраи суҳбат ман бори аввал нафаси осуда кашидам, чунки фаҳмидам новобаста аз ҳама суханони пасту баланд гуфтаам Амини Зарифро ғуборе дар дил намонда ва дар нигоҳам нигоҳи эшонро дарёфта гуфтам:
-Ташаккур.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




