Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 135 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 135 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Аслан бо чунин суол хуб мешуд, ки ба назди прокурори ноҳияи мо Асад Ғанӣ рафта суҳбат мекардед ва чаро эшонро чунин ният ба сар омадааст ман намедонам.
-Сарвари идораамон бандаро на ба назди Асад Ғанӣ, балки рост ба назди шумо фиристод ва боварӣ дорам эшон чӣ гуфтанашро медонад.
Чӣ дунёе, бубин нафаре, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш бандаро ба гунҷишкбача ташбеҳ додаву ба номаи муфаттиш Нӯшини Азиз ва суханони ман, қариб таваҷҷуҳе зоҳир накард, имрӯз бо ниқоби дигаре аз номи сардораш ба ситоишам пардохт. Дар таҷрибаи кориам ҳамеша ман ба дудилагон муросо намудам, чунки онҳо аз надоштани таҷрибаи рӯзгор ба хато роҳ медоданд, вале то ҷое, ки ёд дорам, ҳамаи онҳо дили беолоишу бузурге доштанд, чунки сиёҳро сафед гуфта арзёбӣ накардаанд, вале ба дурӯягон ҳамеша нафрат доштам ва шояд ҳамин ҳолат дар ниҳоди ман эҳсосотро ба туғён овард, ки гуфтам:
-Овозаи Рустам беҳ аз Рустам ва шояд сарвари идораатон аз ҳамин лиҳоз ба ман баҳо дода бошад ва агар эшон аз асли воқеа огоҳ мебуд, ҳаргиз мушовири адлияи дараҷаи дуюмро ба назди ким-кадом як капитани милиса, ки аз нигоҳи зердасташ дар корҳои ҷустуҷӯӣ бум-бум аст, намефиристод.
-Маълум ки то кунун ғубори каломи ноҷои ман аз ёдатон нарафта?
-Захми теғ мераваду захми сухан не.
-Узр, сад бор узр, рафиқ капитан.
Мусоҳибам ин дафъа бо ҳамин як калимае, ки ду бор ба забон овард, ҳарчанд узри вай узри баъд аз ҷанг ва бадтар аз гуноҳро мемонд, дар ин баҳси тӯлонӣ пирӯз шуд. Бале, акнун ҳардуи мо дар як сатҳ қарор доштем, зеро замоне ӯ бад гуфт ва имрӯз бо суханони дағалу дурушти хеш ман низ қалби эшонро шикофтам. Дигар фарқе байни ману ӯ намонд, вай бад кард ман низ бад “мукофот” додам. Ана ёбу гир. Эҳ кош, вай узр намепурсиду барои суханҳои ноҷоям ба рӯям як шапалоқи обдоре мефаровард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан