-Чаро ба даҳон яку якбора об гирифтед?
-Аз он бори гузоштаамон нишоне ҳам наёфтааст, вале ба хотири он ки ман нишондодамро баъди шунидани ин ҳодиса дигаргун накунам, муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтааст.
-Шояд ӯ шуморо фиреб додааст?
-Гумон намекунам, охир ӯ худаш нағз медонист ва бандаро низ огоҳ намуда буд, ки бо соҳибони бор шӯхӣ кардан ин баробари сари хешро ба гарав гузоштан аст. Ба фикрам, дар он ҷо ба ғайр аз хабаркаши шумо нафаре аз намояндагони гурӯҳи ҷабрдида ҳам будааст ва чун хабарро ба гӯши патронаш расонидааст, онҳо барои фиребгарӣ сармуҳосибро ба ҷазои олӣ ҳукм намуданд.
-Охир Руҳулло Ғаффор соҳиби ду хона буд, метавонистанд хонаҳояшро бигиранд.
-Шояд чунин пешниҳод ҳам шуда бошад, ё кӣ медонад?
Акнун, ки вай дар қайди ҳаёт нест, ба гумон аст мо аз он асрори ниҳон, ки чӣ тавр сармуҳосиб муддати се сол соҳибони борро дар гирди ангушташ тоб додааст, огоҳ шавем.
Ҳарчанд эшон дар ҳамон рӯзи ҳодиса бандаро огоҳ намуд, ки бо соҳибони бор шӯхӣ намудан ин баробари бо оташ бозӣ кардан аст. Амалҳои пасипардагии сармуҳосиб худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки эшонро ҳеҷ гоҳ сухан бо амал як набуда. Иҷроиши ҳама гуна амале, ки оқибаташ ноаён аст мақоли халқии “як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак”-ро ба ёд меорад ва маҳз ҳамин ҷастухезҳои ғайриқонунӣ оқибат сари сабзашро ба бод дод.
-То андозае шояд ҳақ ба ҷониби шумо бошад.
-Чаро то андозае?
-Чунки мо то кунун мутмаин нестем, ки ин амали дасти соҳибони бор аст.
-Албатта, барои шумо далел лозим, шоҳид лозим ва боз кимчию чиҳо лозим, вале бо ин ҳама бетаҷрибагии хеш гуфта метавонам, ки танҳо онҳое қасд ба ҷони сармуҳосиб намудаанд, ки ба доми фиребаш афтодаанд. Рӯзи гузашта шумо бандаро бовар намудан хостед, ки “девор муш ва муш гӯш дорад,” имрӯз бошад, шумо натиҷаи андешаҳои маро дигарбора боз дар як ҷумла баён намудед.





