Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 125 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 125 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Кадом андешаҳоятонро?
-“Як бор ҷастӣ малахак...”
-Беҳтарин андеша, вале то собит намудани он боз чӣ қадар вақт лозим.
-Дишаб дар танҳоӣ сари ҳамаи гуфтаҳои шумо ва ҳодисаҳои тайи ду ҳафтаи охир рухдода ман хеле майна об намудам ва як нуқтаи буришеро дар самти хатти ҳаракат дарёфтам...

  • Хуш мегуфтед, ки он чӣ хел нуқта будааст ва кадом хатеро дар самти ҳаракаташ бурида гузашт? - лаҳзае дар суҳбат тағофул намудани вайро дида гуфтам ман.
    -Аз эҳтимол дур нест, ки он рӯз ба ҷуз хабаркаши шумо дар он қаҳвахонаи муҳташам, нафари дигаре низ вохӯрии моро пайгирӣ намудааст. Рафту агар кор чунин сурат гирифта бошад, соҳибони бор аз рафти суҳбати мо огоҳӣ ёфта, умедашонро аз он бор ба тамом канданд. Чун дар рафти он вохӯрӣ ман ҳиссаи хешро талаб намудам ва ҳатто ба собиқ ҳампешаам дар ҳодисаи таърихи сесола дошта таҳдид намудам, бехабар аз он ки сухан дар даҳон посбони сар аст ва бо ин амалам эҳтимол луқмаро хоида ба даҳони соҳибони бор гузоштам...
    -То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале беҳтар мешуд андешаҳои хешро то охир баён менамудед.
    -Шояд ба андешаи онҳо дар гум шудани бор ҳардуи мо баробар “саҳмгузор” будем ва чун ман ба сармуҳосиб таҳдид намудам, онҳо қасд ба ҷони Руҳулло Ғаффор намудаанд, чунки боварӣ доштанд милиса дар ин кор танҳо аз ман домонгир хоҳад шуд. Рӯзи гузашта шумо бандаро бовар намудан хостед, ки дар бораи рафти суҳбати мо далелҳои мӯътамад доред ва акнун ман дар нисбати он далелҳо шубҳа ҳам надорам. Аз этимол дур нест, ки кадоме аз онҳо сабти он суҳбатро ба шумо нафиристода бошад.
    -Чӣ хеле, ки шумо огоҳӣ доред, ҳамагӣ баъди чанд соат пас аз ҳодисаи ба сари Руҳулло Ғаффор омада дар назди қабристони шаҳр шахси номаълуме қасд ба ҷони духтари Зокири Қосим намуда ва дар ин бора андешаҳои шуморо донистан мехоҳем.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан