Ман фаҳмидам, ки Файз Камол чиро дар назар дорад.
Охир рӯзи гузашта ба вай гуфтем, ки дар бораи суҳбаташон бо Руҳулло Ғаффор дар қаҳвахонаи “Дидор” далелҳои мукаммал дорем ва баҳри риштаи суҳбатро нигоҳ доштан гуфтам:
- Он далелҳо ҳастанд, вале мо донистан мехоҳем, ки то кадом андоза шумо бо тафтишот ҳамкорӣ кардан мехоҳед, чунки суҳбати пешин ва кунуниатонро тафтишот мавриди таҳлил қарор хоҳад дод.
-Ба андешаи кунунии банда (ин фикр танҳо шаби гузашта ба ёдам омад) нафаре, ки маро дар амалҳои ғайриқонуниаш ҳамиштирокчӣ намуд, на танҳо бародари қиёматиаш, яъне маро, балки соҳибони борро низ фиреб дода будааст. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву баробари пой ба озодӣ гузоштанам онҳо ҳар қадами маро ба зери назорат гирифтанд, то бифаҳманд айб дар ош аст ва ё дар мош. Гумон мекунам Руҳулло Ғаффор онҳоро бовар кунонидааст, ки борро ман пинҳон намудаам ё амсоли ҳамин. Модоме ки шумо худ аз рафти суҳбати мо дар қаҳвахонаи “Дидор” огоҳ ҳастед, бояд донед, ки Руҳулло Ғаффор оиди он бори зормонда чиҳо гуфт.
-Ҳамаи инро мо медонем, вале талаботи тафтишот ба рафти ҳама чунин суҳбатҳо ниҳоят ҷиддӣ ва гуногун аст ва акнун танҳо шумо метавонед суханони собиқ бародари қиёматиатонро ҳамчун шунавандаи аввалин такрор намуда, гуфтаҳои эшонро бо имзои хеш тасдиқ намоед.
-Пас агар чунин аст нишондоди хабаркаш чӣ мешавад ?
-Нишондоди хабаркашро ба парвандаи тафтишотӣ илова кардан мумкин нест ва милиса онро дар рафти корҳои фаврӣ –ҷустуҷӯӣ истифода мебарад, на кам, на беш. Аминам, ки маро фаҳмидед ва дигар сари ин ҳолати кор баҳси мову ман рух нахоҳад дод.
Чун ман аз ҳиссаи хеш пурсон шудам, Руҳулло Ғаффор бандаро бовар кунонидан хост, ки он рӯз баъди баромадан аз милиса соате дар кӯчаҳои шаҳр гаштааст ва чун боварӣ ҳосил намудааст, ки аз қафояш соя нест, барои гирифтани бор ба хонаи Маҳмуд рафтааст ва...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




