Руҳулло аз дастони сарвари корхона тарзе дошт, ки пойҳояш рост ба замин расиданд ва сипас ман рафта ба сари чанбарак нишаста оҳиста-оҳиста мошинро ба қафо бурдам...
-Дар бораи тақдири минбаъдаи он бор сухане нагуфтед?
-Он рӯз маро ҳамроҳи сармуҳосиб барои рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои кор ба милиса бурданд. Новобаста аз он ки аз лаҳзаи аввали ба ҷойи ҳодиса омадани милисаҳо ман гуноҳро пурра ба гардан гирифтам, вале ҳамкорони шумо ҳар кадоми моро дар алоҳидагӣ чандин бор пурсуҷӯ намуданд ва чун дар нишондодҳои чандинкаратаи мо тағйироти ҷиддиеро наёфтанд, субҳи рӯзи дигараш сармуҳосибро ҷавоб доданд. Аз тақдири он бор бошад, ман танҳо баъди аз маҳбас баромадан ҳангоми вохӯрӣ дар қаҳвахонаи “Дидор” огоҳ шудам.
-Наход тайи ин мудат...
-Ҳангоми дар маҳбас будан, се ё чор маротиба Руҳулло Ғаффор ба аёдати ман омад ва бандаро бовар мекунонид, ки ҳама корҳо хубанд ва албатта ман ҳиссаи хешро дар ҳамон ҳаҷме, ки ба мувофиқа омада будем, хоҳам гирифт, вале се моҳ пеш аз озод шуданам, касе ба кисаи куртаи кориам хатчаеро гузошта буд... Ман, ки ҳаргиз бо коғаз сару коре надоштам, он рӯз баробари даст ба ҷайб бурданам он коғазча ба дастам хӯрд. Он лаҳзаҳо мо дар кор будем ва ман бо баҳонаи қазои ҳоҷат аз ҳамкоронам ҷудо шуда, он коғазпораеро, ки чун оташпора ангуштонамро месӯхт, кушодам. Дар он касе бо ҳарфҳои компютерӣ навишта буд: “Бе фикри бор набошед ва мо ҳаргиз бо нафароне, ки ба амонат хиёнат мекунанд, муросо нахоҳем кард”.
-Албатта, хатро ба кисаатон кӣ гузоштааст, намедонед?
-Ба ростӣ, намедонам ва воқеаҳои баъдина худ гувоҳи таҳдиди онҳое шуд, ки бандаро низ аз пешомади кор огоҳ намуда буданд.
-Андешаи онро доред, ки ҳодисаи ба сари сармуҳосиб омада дасти кори ҳамон гурӯҳест, ки дар кисаи шумо низ нома гузошта буданд.
-Инро шумо аз ман беҳтар медонед.





