Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 121 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 121 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ба ростӣ, дар ҳамон ҷо ман фаҳмидам, ки ин инсони дар намуд қариб назарногир чӣ тавр мисли пӯлод дар байни обу оташ обутоб ёфта будааст...
Чун ин дафъа мусоҳиби ман хомӯш шуд, баҳри рӯшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои кор бо чанд суол ба вай муроҷиат намудам.
-Боварии кас намеояд, ки бо як мушт инсони комилан сиҳату саломат беҳуш гардад?
-Ҳатто баъди дидани ҳодиса ҳам ман ба дурустии ин амал бовар накардам. Гумон намудам, ки шояд дар дасти сармуҳосиб ягон оҳанпора будааст, вале Руҳулло Ғаффор гуфт ин амалро “табарзинзан” мегӯянд ва онро ҳатто бо қувваи на чандон зиёд агар дар раги хоби ҳариф зада тавонӣ, бурд хоҳӣ кард. Ӯ гуфт, ки пеш аз ба Афғонистон фиристоданаш гурӯҳи онҳоро се моҳ дар яке аз ниҳодҳои десантии собиқ СССР таълими ҳарбӣ гирифт ва дар хориҷи кишвар низ савияи маҳорати касбиашро баланд бардошт ва дар куҷо будани раги хобро ҳатто аз табибон беҳтар медонад.
-Пас агар Руҳулло Ғаффор чунин шахсияти “барҷаста” буд, чӣ тавр шумо тавонистед ба вай таҳдид намоед?
-Ӯ аз таҳдиди ман натарсид, вале аз қонун тарсид, ё чӣ хеле мегӯянд, “дузду ғар ҳама номарданд”. Ба замми ин, ӯ инсони бофаҳм буд ва ҳамеша таъқид мекард, ки “Файзиддин битарс аз оне, ки ӯ натарсад аз Худо.” Ҳамзамон бо ҳама дасту бозуи паҳлавонона вай марди фурӯтане буд ва мегуфт, дар замоне, ки тиру тапонча дар дасти ҳар касу нокас расидааст, он ҳама омӯзиши мо дигар қимате надорад...
-Аз рӯйи парвандаи собиқи шумо мошин қафаси синаи Зокири Қосимро зер намуда, шумо бошед бандаро бовар кунониданӣ мешавед, ки вай беҳуш буд. Агар ӯ беҳуш буд, пас чӣ тавр дар пояш рост истод ва мошин қафаси синаашро зер намуд.
-Сармуҳосиб гуфт, ки ҳодиса бояд заррае аз ҳақиқат дурӣ надошта бошад ва худ болои кузов баромад, ман бошам ҷисми ҳанӯз ба ҳуш наомадаи Зокир Қосимро бардоштам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан