То андозае ҳақ ба ҷониби сармуҳосиб буд ва ман пешниҳоди эшонро болои мизони вақт гузоштам... Ба хотир овардам, ки дар ҳамин кӯча писархолаам Маҳмуд зиндагӣ мекард, ки чанд моҳ пештар ҳамроҳи аҳли оилааш ба Русия рафта буд ва нигоҳбонии ҳавлиашро ба души ман вогузошта. Боз чанд дақиқа сипарӣ шуду ба ёд овардам, ки калиди хонаи Маҳмудро дар кабинаи мошин нигоҳ медорам ва ҳафтае пеш ман ба он ҳавлӣ рафта будам. “Дар ҳамин кӯча ҳавлие ҳаст,”- гуфта ман таърихи он хона ва сокинонашро ба Руҳулло Ғаффор ошкор намудам.
-Набошад ин борро ба он ҷо бурдан лозим!
-Ба хонаи бегона?
-Гуфтӣ, ки нигоҳбонии он хонаро ба души худат вогузоштаанд, ё ман каломи ба забон овардаатро дуруст нафаҳмидам?
-Дуруст фаҳмидед.
-Ҳоло вақти андеша нест. Баробари пайдошавии имконияти аввалин ман борро аз он ҳавлӣ гирифта, ба дигар ҷо мебарам ва ё шояд милиса ҳам дар замони тафтишот туро дар озодӣ монад. Он вақт мо ҳарду якҷоя борро аз ҳавлии писархолаат ба ягон ҷойи дигар мебарем.
-Баъди чунин амал ба гумон аст милиса маро дар озодӣ монад.
-Пеш аз пода чанг наандоз, - маро ором намуданӣ шуда гуфт нафаре, ки сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои ба сарам омада гардида буд. Дигар чӣ ҳам мегуфтам. Бе дарди саре нишаста будам, пул додаву дарди сар харидам гуфтагӣ барин пешниҳоди сармуҳосибро пазируфтам. Чун ҳавлии Маҳмуд наздик буд, интиқоли бор на беш аз панҷ - шаш дақиқа вақтро мегирифт. Пеш аз ба ҳавлии Маҳмуд бурдани бор сармуҳосиб ба милиса занг зад ва ман ҳатто он замон эътироз карданӣ шудам, вале бародари “қиёматиам” бандаро бовар кунониданӣ шуд, ки дар ҳама кор ҳисобу китоб ҳаст ва маҳз сарфаи вақт метавонад моро аз оқибатҳои ногувор эмин нигоҳ дорад. Милисаҳо баъди панҷ – шаш дақиқаи бозгаштамон аз ҳавлии Маҳмуд ба ҷой ҳодиса омаданд. То он лаҳзаҳо Руҳулло Ғаффор, ки бо як зарба Зокири Қосимро беҳуш намуда буд, ба ман дар бораи вазъи ба вуқуъпайваста хеле лексия хонд.





