Муддате фазои дафтари кориро як хомӯшии тӯлоние фаро гирифт. Дар замоне, ки собиқ ронанда шояд сари кирдорҳои пасипардагии хеш андеша дошт, ман симои духтарчаи ҳафтҳаштсолаи пахмоқмӯйи ӯро, ки дирӯз пештар дарро ба рӯямон кушода, бе салому бе калом моро ба хона таклиф намуда буд, пеши назар овардам. Новобаста аз он ки духтарча муддати се соли охир падарро надида буд, вале дар як муддати кӯтоҳ (ҳамагӣ чанд рӯз) он қадар ба падар меҳр баста буд, ки дар тасвираш ҳатто калам оҷизӣ мекунад...
Ин ҷо бошад...
Бечора духтарча аз куҷо медонист, ки падараш бо нафари дигаре забон як намудаву қасд ба ҷони сардори корхонаашон кардаанд ва фарзанди ягонаи вайро якумрӣ аз муҳаббати падарӣ маҳрум намудаанд.
Бубин, бо як амали ноҷои хеш собиқ ронанда, ки ҳоло дар дафтари кории ман сар ба зер афканда, дар байни андешаҳои бе сару нӯг ғутта мезад, ба сари хешу ақрабояш чӣ бори гароне овард. Ҳарчанд то собит намудани гуноҳи вай боз фарсахҳо роҳ буд, вале як ҳолат мусаллам буд, ки вайро аз гирифтани подоши кирдораш роҳи гурез нест ва ин амал дер ё зуд бояд рух медод. Чун гуноҳи эшонро дайн намоянд, он духтарчаи зебо солҳо боз дар интизори падар нигоҳашро аз роҳ аз дарвоза аз дар нахоҳад канд...
-Шунидам, ки дишаб таъбатон гурехтааст ва духтур ҷеғ заданд, - ниҳоят мӯҳри хомӯширо шикаста пурсидам ман.
-Ба шумо чӣ фарқ дорад, - нигоҳашро аз фарш наканда гуфт боздоштшуда.
-Акнун ман ҳам ба сари ҳар як тори мӯйи шумо ҷавобгарам, аз ҳамин лиҳоз пурсидам.
-Агар шуморо чунин андеша дар сар мебуд, ҳаргиз барои ҷинояте, ки ман аз рӯӣ он кайҳо ҷазоямро адо намудам, дигарбора боздоштам наменамудед.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ҳукми суд дар нисбати шумо барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ рухдода баррасӣ шуда, ҳол он ки худи ҷиноят дар нисбати Зокири Қосим қасдона буд. Акнун моро зарур аст, хатои пештараи хешро ислоҳ намоем.
-Аз ин амал ба шумо чӣ суд?





