Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 112 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 112 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чун вазифаи милиса пешгирии ҳуқуқвайронкунист, бо ин амал мо собит менамоем, ки ҳама гуна кирдор болои мизони қонун гузошта мешавад ва ҳангоми баррасӣ бояд паллаҳои тарозу баробар шаванд, яъне, ҷазо ба кирдори содирнамуда дар мизони қонун бояд баробар бошад.
-Ман бояд ба шумо ёрӣ дода, ҷиноятеро ба душ гирам?
-Ба мо не, ба худатон ёрӣ диҳед, то ки як умр дар зери фишори виҷдонатон намонед. Аз хотир набароред, ки касе хунро бо хун нашустааст ва агар қонун набошад рух додани чунин ҳолат ҳам аз эҳтимол дур нест. Бубинед аллакай Руҳулло Ғаффор аз қонун гурехта, ба кадом варта афтид ва боз аз хотир набароред, ки аз Ҳиндустон хабар меояд, вале...
-Чаро суханатонро буридед?
-Гумон мекунам шумо низ давоми он каломи аз гузаштагон ба мерос мондаро медонед.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки агар банда гуноҳи хешро ба душ нагирам, тақдири Руҳулло Ғаффор бандаро дунболгир аст.
-Мо чунин сурат гирифтани ҳодисаро низ инкор карда наметавонем, вале аз ин бештар ба ақлу заковати шумо умед мебандем, чунки ба зимма гирифтани гуноҳ ҳам яке аз оинҳои ҷавонмардист. Шумо дар қаҳвахонаи “Дидор” аллакай гуноҳро ба душ гирифтед ва маҳз бо ҳамин суханон ба тақдири ҳампешаи дар ҷиноят дастдоштаатон хатти батлон кашидед ва рафту бо тафтишот ҳамкорӣ кардан нахоҳед, ҳаётатон ҳамеша дар зери хатар хоҳад буд. Мо ҳатто намефаҳмем, ки ба шумо аз кадом самт хатар таҳдид мекунад, шумо бошед, ду пойро дар як мӯза андохта, собит карданӣ мешавед, ки гуноҳе надоред, вале шахсан мо ба бегуноҳии шумо шубҳа дорем. Ҳатто дар қаҳвахонаи “Дидор” шумо андешаи суханони ба забон овардаатонро накардед, наандешидед, ки девор муш ва муш гӯш дорад ва ба бахти бади шумо ҳатто дар ҳамон қаҳвахонаи муҳташам ҳам нафаре аз асрори ниҳонатон воқиф гашт ва чун аз ҳодисаи ба сари ҳамсуҳбати дар он ҷо будаатон огоҳ гашт, суханони гуфтаи шуморо ба ёд овард... Модоме ки шумо худ нӯги гиреҳи таърихи сесоладоштаро он рӯз кушодед, пас калоба кардани он набояд боиси шубҳаатон гардад. Дер ё зуд ин асрор ҳам чун ҳама асрорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ кушода хоҳад шуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан