наметавонем дастҳоро болои ҳам монда интизор шавем:- Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки “ба умеди чоруқи анбӯнӣ пойро дар хор намонӣ.”
-Шумо, рафиқ лейтенанти калон, чӣ пешниҳод доред?
-Шояд як маротиба ба ҳамон колонияи ислоҳи меҳнатие равем, ки Файз Камол дар он ҷо адои ҷазо намуда. Наход дар давоми се сол вай рози дилашро ба касе нагуфта бошад. Рафту агар мо дар ин бора маълумоти хурдакаке ҳам ба даст орем, он баробари нӯги гиреҳро дарёфтан аст.
-Ҳоло ки дер нашудааст, метавонед аз пай ҳамин кор шавед!
-Итоат!
-Манзуратон бод, ки дар чунин мавридҳо ҳама гуна суҳбат риояи дипломатиро тақозо мекунад.
-Қабул.
-Набошад, ба пеш!
Баъди рафтани Абдурашиди Шариф ман дубора Файз Камолро ба наздам хондам. Ҳарчанд аз замони боздоштшавии собиқ ронанда ҳанӯз як шабонарӯз ҳам нагузашта буд, вале ӯ он Файз Камоли дирӯза набуд. Ӯро дида гумон намудам, ки нав бемории “домана”-ро пушти сар намудааст...
Аз рӯйи таомули тафтишот нафари боздоштнамударо ба дафтари кории банда интиқолдода рухсат пурсида, аз дар баромад ва ман ба нафаре, ки дар ҳаракатҳои таърихи сесола
-доштааш ҷурми гуноҳро ҷӯё шудаву коҳи кӯҳнаро бод кардан мехостам, танҳо мондам. Як шаби дар боздоштгоҳи муваққатии милиса будан дубора нақши хешро дар симои собиқ ронанда, ки сесоли ҳаёти хешро пушти панҷара сипарӣ намуда гузошта буд. Ӯ, ки ҳанӯз пушти дар рост истодаву нигоҳашро аз фарш намеканд, шояд мунтазири амри навбатии банда буд.
-Марҳамат гузашта шинед, - курсиеро нишон дода гуфтам ман.
Ин даъфа нафаре, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз болои мо ба прокурор шикоят намуда буд, бе ягон эътироз ба курсӣ нишаст...





