Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 109 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 109 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳар кас даъватро аз рӯйи донишу тавоноии хеш мефаҳмад, шумо ҳам чӣ хеле хоҳед, ҳамон хел даъвати бандаро қабул фармоед!
-То ҷое, ки ман огоҳӣ ёфтам, дишаб Асад Ғанӣ ба ин ҷо ташриф оварда будааст ва ба андешаи Ҳаким Фирдавсӣ “қадами номубораки Маҳмуд ба ҳар ҷое расад, барорад дуд”...
-Дуруст.
-Оқибати даъвататон ба хайр бошад?
-Корҳо чандон хуб нестанд, мефаҳмед?
-На он қадар.
-То ҳанӯз мо аз таҷрибаи рӯзгор баҳра набардоштаем ва ба эҳсосот дода шуда, Файз Камолро бармаҳал боздошт намудем. Дар асл мо аввал бояд он суханчини чашмкабудро меёфтем ва дар асоси нишондоди вай сипас боздошти ронандаро ба нақша мегирифтем, акнун аз кадом нӯги гиреҳ гирифтанамонро намедонем, ҳарчанд боварӣ дорем, ки Файз Камол гунаҳкор аст.
-Кори шудагӣ шуд, дигар чӣ ҷой тавбаю надомат. Хуб аст, ки нигоҳи мо дар бораи гунаҳкор будани вай аз як хатти буриш мегузарад. Мо бояд гуноҳи эшонро собит намоем, вале чун вақт ниҳоят танг аст, ба ёфтани суханчин умед бастан аз камоли хирад нест.
-Пас чӣ бояд кард?
-Мо бояд ӯро огоҳ кунонида тавонем, ки иқрор шудан ба гуноҳ ин ҳолатҳои сабуккунандаро дар рафти тафтишот рӯйи саҳна меорад ва аз чунин имтиёз истифода набурдан гуноҳест азим.
-Гумон доред, ки вай инро мефаҳмад?
-Ҳодисаи таърихи сесоладошта ҳодисаи одӣ нест ва модоме ки Руҳулло Ғаффор ронандаи ҳампешаашро фиреб намудааст, пас куҷост кафолат, ки вай дигареро низ фиреб накарда бошад? Рафту агар мо он суханчинро меёфтем, албатта, ба чанд суоли хеш, ки боиси нигарониамон шудааст, посух мегирифтем, вале ба умеди боздошти суханчин шуда, мо

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан